26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз масолеҳи сохтмонии маҳалӣ бештар истифода бояд бурд

1238
Рӯзи 30-юми май дар факултети «Сохтмон ва меъморӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баҳри иҷроиши дастуру паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи масолеҳи сохтмонии маҳалӣ дар сохтмонҳои Тоҷикистон, ҳамзамон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20- солагии Ваҳдати Миллӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Ҳасанов Н. – декани факултети «Сохтмон ва меъморӣ» бо сухани ифтитоҳӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, мақсад аз баргузории конфронсро баррасӣ намуд. Номбурда дар баромадаш дастгирии ҷавононро масъалаи аввалиндараҷаи факултет арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки омода кардани мутахассиси боистеъдод вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як устоди Донишгоҳ мебошад.
Аз масолеҳи сохтмонии маҳалӣ  бештар истифода бояд бурд
Комилзода А.Ҳ.-мудири кафедраи «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон» оид ба захираҳои маводҳои сохтмонии Тоҷикистон баромад намуд. Ба андешаи А.Ҳ.Комилзода тараққиёти ҳар як мамлакат аз сохтмони иншооти шаҳрвандӣ ва саноатӣ вобаста аст. Ҳангоми бунёди чунин иншоот истеҳсоли маҳсулот ва ҷойи корӣ афзун мегардад. Ба иттилои А.Ҳ.Комилзода захираҳои маводи сохтмонӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, аммо он ҳамагӣ 5% истифода бурда мешавад. Бо дастгирии Роҳбари давлат дар Тоҷикистон якчанд заводи сементбарорӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки натанҳо талаботи худӣ, балки талаботи кишварҳои ҳамсояро низ тьаъмин карда истодааст. Талаботи хишт, оҳак ва гаҷ низ ҳалли худро ёфта, истеҳсоли шағал бошад, солҳои зиёд ба роҳ монда шудааст ва моро зарур аст, ки содироти онро ба давлатҳои дигар, хусусан Руссия ташкил намоем.
А.М.Мирҷамолов-дотсенти кафедраи «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон» дар маърӯзаи худ масъалаҳои истифодабарии пасмондаҳои сангарракунии таннодисперсӣ ба сифати пуркунандаҳои масолеҳи ғӯрагаҷкориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз масолеҳи сохтмонии маҳалӣ  бештар истифода бояд бурд
Устодон, проффесорон, меъморон ва дотсентони кафедраи «Сохтмон ва меъморӣ» дар ҷараёни конфренсия масолеҳи асосии дохили ватаниро шарҳ дода, барои истифодаи бештари он дар сохтмон саволу дархостҳо пешниҳод намуданд. Хусусан истифодаи сангҳои маҳаллии кӯҳӣ дар сохтмон ва дигар соҳаҳо барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили истеҳсоли масолеҳи хокусементӣ бо истифодабарии гилхокҳо ва таъмини масолеҳи сохтмонии арзон, коркарди технология ва сохтани девори сангин, ҳамчунин ҳамкорӣ байни ташкилотҳои сохтмонию Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, хусусан факултети «Сохтмон ва меъморӣ» аз масъалаҳои асосии конфренсия ба шумор мерафтанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво