26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шиносоии мутахассисони ҷавон бо намояндагони ширкатҳои «PERI» ва «Техноникол»

905
Шиносоии мутахассисони ҷавон бо намояндагони ширкатҳои «PERI» ва «Техноникол»
Дар бунёди бино ва иншооти маъмурию истиқоматӣ, иҷтимоию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ... пеш аз ҳама сифати баланди маҳсулоти сохтмонӣ бояд меъёри асосӣ бошад. Агар масолеҳи сохтмонӣ сифатан паст бошад, пойдории бино зери шубҳа меафтад ва оқибатҳои нохушро ба бор хоҳад овард.
Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ибтидои моҳи сентябри соли 2016 расман ба кор оғоз намудани Озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонии Пажуҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ як пешрафти соҳа мебошад. Озмоишгоҳ тибқи 16 самти корӣ фаъолият менамояд. Кушоиши озмоишгоҳ, ки ҷиҳати харидории таҷҳизоти он 200 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст, тавассути дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, мақсади роҳандозии фаъолияти он таъмини сифати сохтмон мебошад.
Бо супориши роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ бештар шиносоӣ пайдо кардан бо масолеҳи сохтмонӣ ва истифодаи он дар биною иншоот дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пайваста семинар - машваратҳои муфид доир мегарданд. Ширкатҳои сохтмонии дохилию хориҷӣ фаъолияти ташкилоташонро муаррифӣ мекунанд ва ин усул барои васеъ кардани фаҳмиши соҳавии мутахассисони ҷавон заминаи хуб хоҳад буд. Семинари навбатӣ 6-уми декабр бо иштироки намояндагони ширкатҳои олмонии «PERI» ва «Техноникол» баргузор гардид.
А.Абдуалимзода-муовини якуми раиси Кумита пас аз шиносоии намояндагони ширкати «PERI» ва «Техноникол» ва кормандони Кумита, иброз дошт, ки назорат оид ба риояи қоидаҳои сохтмон ба зиммаи кормандони Кумита ва зерсохторҳои он вогузор карда шуд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар ҳамаи мавридҳо барои бартараф намудани ин ва ё он норасоӣ омода бошем. Албатта, мақсади иштирок дар чунин семинарҳо танҳо дидану шунидан нест ва дар якҷоягӣ мафҳуми ниҳонро пурсида, дархосту саволҳои худро пешниҳод бояд кард.
Ба иттилои А.Игорев -намояндаи ширкати «PERI» корхонаи мазкур қариб 45 сол фаъолият дорад ва масолеҳи он дар тамоми ИДМ бо сифати олмонӣ паҳн шудаст.
«Таъминот» ширкати муваффақи доимамалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки эътибори шарикии боэътимодро ба даст овардааст. Масолеҳи он дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланду талаботи ҷавобгӯ ба фурӯш монда шуданд. Мақсади гузаронидани семинарро А.Игорев барои мизоҷон пешниҳод намудани дастури ба таври содда ва арзон дар дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ аз ширкати «PERI» шарҳ дод. Қолаби бетонрезиро ширкати мазкур бо усули комилан оддӣ ба роҳ мондааст. Ин раванд барои сохтмончиён имкон медиҳад, ки шумораи ками мутахассисон бе монеа насби ноқилу таҷҳизоти дигарро ба анҷом расонанд.
Аз ҷониби намояндагон унсури дурусти пайваст, истифодаи масолеҳ, шакл ва намуди он дар ҳар як нуқтаи бино ва соддагардонии доираи стандартӣ шарҳ дода шуданд.
Пас аз муаррифии масолеҳи ширкати «Техноникол» мутахассиони ҷавони Кумита ба як қатор пешниҳод ва саволҳо посухи амиқ гирифтанд.
мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво