26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ ШОИРА ЗУЛҚАЙНАРОВА БОЗ БА САБҚАТ МЕБАРОЯД. Рақиби ӯ дар даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 маълум гардид

79
ИМРӮЗ ШОИРА ЗУЛҚАЙНАРОВА БОЗ БА САБҚАТ МЕБАРОЯД. Рақиби ӯ дар даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 маълум гардидИмрӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Истанбул (Туркия) бозиҳои чорякфинал баргузор мешаванд. Муштзани тоҷик низ барои роҳхат ба даври нимниҳоӣ мубориза мебарад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова 15 май дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар вазни то 63 кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳайдун Ҷионг пирӯз шуда, ба даври чорякфинал роҳ ёфт.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон 9 май дар Истанбул оғоз шуда, то 21 май идома меёбад.

Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Точикистонро ба ҷуз Шоира Сумая Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) низ намояндагӣ мекунанд. Шоира дар даври аввал намояндаи Кувайт Ҷ.Нуруро шикаст дод.

ИМРӮЗ ШОИРА ЗУЛҚАЙНАРОВА БОЗ БА САБҚАТ МЕБАРОЯД. Рақиби ӯ дар даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 маълум гардид

ДАР АКС: Шоира Зулқайнарова

15 май варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кг дар қувваозмоии дуюм (дар даври аввал бар Аида Санталлаи боливиягӣ пирӯз шуд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Виктория шикаст хӯрд. Сумая Қосимова дар вазни то 48 кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) шикаст хӯрд. Миҷгона Самадова (57 кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз ҳарифаш Юй Тин-Линг (Тайбэй) мағлуб шуда, аз ҳуқуқи давом додани мубориза маҳрум гардид.

Рақиби Шоира Зулқайнарова дар чорякфинал Парвин аз Ҳиндустон аст. Рақобати онҳо имрӯз, 16 май баргузор мешавад.

Пахши мустақими рақобатро дар канали YouTube-и Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 дидан имонпазир аст.

Маблағи умумии ҷоизаи чемпионат 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ҷуз аз медали тилло ғолибон дар ҳар вазн 100 000 доллар дарёфт хоҳанд кард. Барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд.

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон соли 2001 дар Скрантони ИМА баргузор шуда буд. Баъдан Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бридҷтаун (Барбадос), Тсинхуандао (Чин), Чежу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Уде (Русия) мизбонони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс гардиданд.

Зимнан, Мавзуна Чориева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс соли 2012 дар шаҳри Тсинхуандаои Чин медали ягонаи Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар вазни то 60 кг медали биринҷиро соҳиб шуд.

Пайрав ҚОСИМ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво