20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АҲСАН! Руҳафзо Ҳақназарова низ чун Шоира Зулқайнарова Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро бо ғалаба оғоз намуд

142
АҲСАН! Руҳафзо Ҳақназарова низ чун Шоира Зулқайнарова Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро бо ғалаба оғоз намудМуштзанбонуи тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар рӯзи 4-уми Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди бокс бар муштзани боливӣ Айда Санталларо бо натиҷаи 5 бар 0 ғолиб омад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Муштзани тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дирӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди бокс, ки дар Туркия ҷараён дорад, дар вазни то 50 кг ба муқобили муштзани боливӣ Айда Сантала қуввасанҷӣ кард. Рақобати варзишгарон дар даври 1/32-ниҳоӣ оғоз шуда, 5 раунд идома кард. Дар ин рақобат муштзани мо аз ҳариф як сару гардан боло буд ва бо қарори доварон бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба ба даст овард. Ҳамин тавр, Руҳафзо Ҳақназарова ба марҳилаи 1/16- ниҳоӣ баромад.

Ёдовар мешавем, ки муштзанбонуи шинохтаи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди бокс дар вазни то 63 кг ба муқобили муштзани кувайтӣ Алмутари Ноура рақобат кард. Сабқати муштзанон дар даври 1/32-ниҳоӣ оғоз шуда, 5 раунд идома карда, бо натиҷаи 5 бар 0 ба нафъи варзишгари мо Шоира Зулқайнарова анҷом ёфт. Ҳамин тавр, Шоира Зулқайнарова ба марҳилаи 1/16- ниҳоӣ баромад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ доранд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа муштзанбонуи кишвари мо Сумая Қосимова дар вазни то 48 кг аз муштзани булғорӣ Севда Асенова дар марҳилаи 1/32-ниҳоӣ шикаст хӯрд. Ҳамчунин муштзани дигари кишвари мо- Миҷгона Самадова 11 май дар вазни то 57 кг ба муқобили муштзани тайванӣ Лин Ю –Тин вориди рақобат шуда, аз ҳарифаш мағлуб гардид.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво