26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мо насли истиқлолем!»-ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар аксҳо

7708
Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар «Боғи Парчами миллӣ» ҳамоиши ҷавонони пойтахт доир гардид.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷавонони ватандӯсту худогоҳи кишвар аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва эълон гардидани Соли ҷавонон ниҳоят сарфароз мебошанд. Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ҳар як ҷавони бонангу номусро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад.

Аз ҷумла, Ҳамроз Умриддинов, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахт иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон моро водор месозад, ки дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва вориси арзандаи Пешвои миллат гардем.
«Мо насли истиқлолем!»-ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар аксҳо

«Ҷавонони имрӯза пайрави ҳақиқии насли калонсол буда, пайваста ба илмомӯзию доништалабӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба манфиати миллату давлати хеш машғуланд. Имрӯз мо насли ҷавонро лозим аст, ки барои халқу ватан хизмати арзанда намоем. Зеро неруи мо ҷавонон дар якдилию муттаҳидии мо мебошад»,-гуфт Ҳамза Ятимов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан ба манфиати худи онҳо мебошад. Ҷавонони даврони истиқлолият бояд таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош кунанд.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангии ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона буд, барпо гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво