27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳадяи идона-бинои сеошёна

852
Ҳадяи идона-бинои сеошёна
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб ҷараён доранд. Муҳандиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуҷаназар» Хушмамад Мародмамадов мегӯяд, ки «бино аз се ошёна иборат буда, таҳхона ва қабати аввали он сохта шудаанд ва ҳоло коргарон ба бунёди ошёнаи сеюми бино машғул мебошанд. Арзиши умумии сохтмон каме бештар аз 3 миллион аст ва онро Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷудо намудааст. Масолеҳи сохтмониро сари вақт аз шаҳри Душанбе мефиристанд ва мутобиқи нақша он дар арафаи 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад».
Барои бунёди бинои мазкур 22 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд ва аксарияти онҳо соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мебошанд, ки қаблан дар бунёди чандин иншооти таъйиноти гуногун саҳм гузоштаанд.
Ба иттилои сардори Раёсати адлияи вилоят Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода, ин бино дорои 21 утоқи корӣ ва ду маҷлисгоҳ буда, дар ошёнаи якуму дуюм кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрочиёни суд ва нотариалии вилоят ҷо мегиранд. Ошёнаи сеюм дар ихтиёри кормандони Раёсати адлияи вилоят мебошад.
Сардори Раёсати вилоят гуфт, ки ҳоло сохтмони бино барои кормандони бахши ноҳиявии ин Раёсат дар ноҳияи Мурғоб низ бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ идома дорад ва бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Суғд-СХ» тасмим гирифтаанд, ки онро дар семоҳаи сеюми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво