27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БАҲОРИ ТОШКАНД». Фестивали VI байналмилалии опера ва балет чунин унвон гирифтааст

175
«БАҲОРИ ТОШКАНД». Фестивали VI байналмилалии опера ва балет чунин унвон гирифтаастДар Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд Фестивали VI байналмилалии опера ва балети «Баҳори Тошканд» оғоз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».

Дар саҳнаи куҳантарин театри мамлакат давоми даҳ рӯз мухлисони санъатро ҳамроҳ бо ҳунарпешагони узбек ситораҳои опера ва балети Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ шод менамоянд.

Дар рӯзҳои баргузории фестивал ба самъи дӯстдорони санъати опера ва балет намоишҳое, чун «Травиата»-и Жузеппе Верди, «Арӯси подшоҳ»-и Николай Римский-Корсаков, «Лючия ди Ламмермур»-и Гаэтано Донитсетти, қисми хореографии операи «Княз Игор»-и Александр Бородин («Рақсҳои половетсӣ»), «Шопениана»-и Фредерик Шопен ва дигар осори классикони ҷаҳон пешкаш карда мешаванд.

Фестивали VI байналмилалии опера ва балети «Баҳори Тошканд» бо тафсири нави балет — спектакли оҳангсоз Анвар Эргашев «Ҳумо» оғоз мешавад.

АКС: АМИ «УзА»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво