29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон меояд

197
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия, ахтари дурахшони балети ҷаҳонӣ, ҳунарманди дӯстдошта Фаррух Рӯзиматов бо даъвати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба Душанбе меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши балети «Садди оташ», ки оҳангсози он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев буда, либретторо Тоҳир Мамадризоев навиштааст, баргузор мегардад.

Балетмейстерони таҳиягар Равшан Чориев, Сергей Райник (Русия) ва роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шавкат Халилзода мебошанд. Ҳамчунин баргузории шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Фаррух Рӯзиматов — раққоси балет, раққоси пешбари балети Театри Мариинский дар солҳои 1986-2007, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1988), лауреати Ҷоизаи ниқоби тиллоӣ (1998), Ҳунарпешаи халқии Русия мебошад.

Ҳоло роҳбарии дастаи ҳунармандони Театри опера ва балети шаҳри Новосибирскро бар уҳда дошта, дотсенти рақси классикӣ ва рақси дуэтии Академияи балети Русия ба номи А.Ваганова ва устоди рақс дар Санкт-Петербург мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво