6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ

19320
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР
аз 25 ноябри соли 2021 №475
ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии
фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин
намудани Абдурасулзода Ш.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул сардори Хадамоти
иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ

Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул

сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, иҷозатномадиҳиро дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Хадамот зерсохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ буда, фаъолияташро мутобиқи Низомномаи худ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 апрели соли 2007, №171 тасдиқ гардидааст, ба роҳ мондааст. Инчунин Хадамот дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳаи сохтмон ва меъмориро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Хадамот дар ҳар семоҳа ба Кумита оид ба натиҷаи фаъолияти худ, тибқи тартиботи муайяншуда ҳисоботи худро пешниҳодаменамояд.

Вазифаи асосии Хадамот ин – додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти сохтмон ва меъморӣ дар ҳудуди ҶТ мебошад.
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳӣ иборат аст аз: Роҳбарият; Шӯъбаи омӯзиш; Шӯъбаи назорат; Шӯъбаи қабул ва баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо; Бахши муҳосибот ва баҳисобгирӣ; Бахши кадрҳоавааҳуқуқ.

Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ 30 воҳид муқаррар гардидааст. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ бо забони давлатӣ мӯҳрҳо, штампҳо ва бланкҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягона дар Хазинадории маркази Вазорати молияи ҶТ маблағгузорӣ карда мешавад. Имрӯз Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул , ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021 ба вазифаи Сардор таъин гардидааст, роҳбарӣ менамояд.

Иҷозатнома (литсензия) ба довталабон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. Иҷозатнома – иҷозати махсусе мебошад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас онро Хадамот ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣадодааст.

Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст. Дар Хадамот барои довталабони иҷозатнома тартиби ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ муқаррар карда шудааст, ҳуҷҷатҳои довталаб аз тарафи мутахассисони Хадамот пурра таҳлил ва омухташуда, баъдан барои баррасии ниҳои ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ барои нуқтагузории ниҳои пешниҳод карда мешаванд. Комиссия дар навбати худ ҳуҷҷатҳоро омӯхта, вобаста ба имкониятҳои доштаи довталаб, қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро қабул менамояд.

Номгӯи намудҳои фаьолияте, ки аз тарафи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ иҷозатнома дода мешавад, инҳо мебошанд:
– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;
– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
– корҳои геодезие, ки ба сохтмон алоқаманд мебошанд.

Дар Хадамот бо мақсади дастгирӣ намудани рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гирифтани иҷозатнома тартиби соддаи ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Мӯҳлати амали иҷозатнома барои фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ на камтар аз 5 сол муқаррар карда шудааст. То моҳи сентябри соли 2005 ба ташкилоту корхонаҳо иҷозатнома ба мӯҳлати як сол дода мешуд. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаадарозакардаамешавад.

Қобили зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият ва ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ бори нахуст бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1997, №211 Маркази давлатии литсензионии Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Маркази давлатии литсензионии Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун корхонаи худмаблағгузор то моҳи сентябри соли 2005-ум фаъолият намудааст ва Маркази мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ Маркази аввалин ва ягонаи литсензиядиҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар вазифаи директори аввалини Марказ – Ибронов Мадихӯҷа Азимович таъин гардида, то соли 2000-ум фаъолият намудааст. Соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ табдил дода шуд. Дар ин давра раванди иҷозатномадиҳӣ тамоми соҳаи сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмониро дар ҷумҳурӣ фаро гирифта, фаъолияти ҳама ташкилоту корхонаҳоро ба як низоми муайян даровард. Бо мақсади такмил додани раванди иҷозатномадиҳӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, 17 майи соли 2004, №37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» таҳияаваақабулагардид.

Баъд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №337 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» тасдиқ карда шуд ва баъдан ҳамин Низомнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №178 дар таҳрири нав қабул ва тасдиқ гардидааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №72 Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки то моҳи апрели соли 2007 фаъолият кардааст. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъмории Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таъсис дода шуд. Инчунин, дар ин давра баъд аз тасдиқ гардидани Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- марти соли 2014 таҳти №150, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ ба Хадамоти иxозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ номгузорӣ шуда, дар нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Аз ин лиҳоз, Низомномаи Хадамоти иxозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ аз нав таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 4- сентябри соли 2014, №587 тасдиқ карда шуд ва то ба имруз фаъолият намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушди соҳаи сохтмон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳу мароқи зиёд зоҳир намудааст. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014»-ро таҳти №459 аз 4- октябри соли 2011 тасдиқ намуд. Барномаи мазкур, омили муҳим дар татбиқи самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва шарикони хориҷии онҳо, баланд бардоштани рейтинги байналмиллалии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, татбиқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, маҳсуб меёбад. Бо мақсади амалӣ намудани талаботи банди 2ва 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-октябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014», Хадамот дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Кумита, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»»-ро таҳия намуда, ба Вазорату идораҳои дахлдор барои таҳлилу баррасӣ пешниҳод намуда буд. Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, аз санаи 28- декабри соли 2012 таҳти №911 қабул гардидааст ва аллакай татбиқи худро ёфтааст. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 235 аз санаи 31- марти соли 2014 тсдиқ гардида ва имрӯз мавриди амал қарор дода шудааст. Ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ дар соҳаи сохтмон, рушди соҳаи сохтмон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ғамхорӣ нисбат ба соҳибкорони ватанӣ, маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31- марти соли 2014, таҳти № 235 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд. Тибқи муқаррароти қарори мазкур, минбаъд ба ҳама ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вобаста ба имкониятҳои доштаашон аз рӯи сатҳи масъулиятнокӣ иҷозатнома дода мешаванд.

ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ДАР СОҲАИ ШАҲРСОЗӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди иҷозатномадиҳӣ тибқи талаботи 2-санади меъёрӣ-ҳуқуқии зерин, татбиқ ва ба низом дароварда мешавад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№37, аз 17.05.2004с).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№172, аз 3.04.2007с).

Ба боби 27-и Низомнома, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, таҳти №235 Замимаи 5 “Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда” илова карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” танҳо намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро муайян намуда, асосҳои ҳуқуқии иҷозатномадиҳиро муқаррар менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” (№751, аз 2.08.2011сол) ба танзим дароварда мешаванд.

Дар Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (Замимаи 5 ба боби 27 Низомнома, Қарори Ҳукумати ҶТ, №235) тартиби додани иҷозатнома ба фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва номгӯи иншоотҳо аз рӯи таъиноташон, муқаррар карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», аз 3 апрели соли 2007 №172, мақоми иҷозатномадиҳанда оиди ба фаъолияти сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор қардани объектҳои мавҷуда, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар гардидааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», бобҳои 7 ва 27-и Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, бояд пешниҳод намояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда;
- ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб, номи бонк;
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда ва мӯҳлати фаъолияти анҷомдодашаванда;
- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
- ҳуҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтиссоси кормандони довталаби иҷозатнома ;
- нусхаҳои ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқат кунандаи кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба иморат, биноҳо ва воситаҳои техникӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад;
Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, тибқи тартиби нави иҷозатномадиҳӣ (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №235, аз 31.03.2014 сол) вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда, ба 3 дараҷа ҷудо карда мешаванд:
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –I
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –II
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –III
Ба корхонаҳоӣ навтаъсис ва шахсони воқеӣ танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад. Чунончӣ, ба сатҳи масъулиятноки дараҷаи III ҳангоми фаъолияти сохтмонӣ, корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии то 3 ошёна:
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;
- иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ дар бунёди иморату иншоотҳо; (зерпудратчӣ);
- иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ.

Қобили зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31- марти соли 2014, таҳти № 235 ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Тибқи муқаррароти тартиби мазкур, ба ҳама ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вобаста ба имкониятҳои доштаашон аз рӯи сатҳи масъулиятнокӣ иҷозатнома дода мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷониби Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Низомномаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014 таҳти №587 тасдиқ гардидааст.
Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти иҷозатномадиҳиро дар соҳаи шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Хадамот дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Фаъолияти иҷозатномадодашаванда:
- корҳои лоҳикашию тадқиқотӣ;
- сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда.
Хадамот ваколатҳои зеринро дорад:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани иҷозатнома;
- тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома;
- боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома;
- аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамояд;
-пешбурди Феҳристи иҷозатномаҳо;
- назорати риояи шарту талаботи иҷозатномавӣ аз ҷониби иҷозатномадор;
- баррасӣ ва бақайд гирифтани аризаи довталабон барои гирифтани иҷозатнома;
- ташкил ва гузаронидани омӯзиши ҳуҷҷат ва маводи пешниҳодгардида.




Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд


1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба маѕомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ маѕсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;
- рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.

ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;
- хулосаи мусбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад .

Талабот ва шартҳои умумии иҷозатномадиҳӣ:
- на кам аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо доштани соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳои сайёр ва энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ доштани довталаби иҷозатнома, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд ва барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда заруранд;
- мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои анҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;
- иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон;


mimao.docx [162 b] (cкачиваний: 59)


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№37, аз 17.05.2004с) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, таҳти №235 Замимаи 5 “Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда” замима мегардад.


Қарор Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172

Маълумотнома








Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво