8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1035
Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид.
Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе генерал — майор Латиф Файзиев ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо аз омодагии парад гузориш дод.
Сипас Вазири мадофиа ҳайати шахсии ҷузъу томҳоро бо арзи салом ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба суӣ минбари ифтихори раҳсипор гардид ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе, оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ дар даврони соҳибихтиёрии мамлакат бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуданд.
Баъд аз садои суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид, ки нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба ҳамин тартиб бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталионҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ, ки шумораи онҳоро беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ташкил медоданд, расми гузашти низомӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ инчунин аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази майдони баргузории чорабинӣ платс-консерт ё худ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.
Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералӣ, ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солро таҷассум намуданд.
Илова бар ин аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буданд, маҷмуи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд. Ҳангоми расми гузашти низомӣ ва иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пулодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво