31 октябр 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон баргузор мегардад

697
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон баргузор мегардад
Паради низомӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки субҳи 8 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт баргузор мегардад, боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар он тақрибан 16 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Истиқлолият 25 ҳазор сарбозони ҷузъу томҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.
Ҳамчунин 9 сентябр аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ парад-марафон гузаронида мешавад, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат меварзанд.
Дар ин лаҳзаҳо дар майдони «Дӯстӣ» тамрини ниҳоии хизматчиёни ҳарбӣ- иштирокчиёни Паради ҳарбӣ гузашта истодааст.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво