Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
241
10 апрел дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Исфараро натиҷагирӣ карда, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд вобаста ба ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Имсол дар мамлакат 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. То ба имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ин ҷашни умумимиллӣ бунёду таҷдиди 6231 иншооту биноҳо ба анҷом расид, ки 82,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, хусусан, шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро ба таври кофӣ иҷро накардаанд, вазифадор шуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва то ҷашни 30 — солагии истиқлоли давлатӣ ба итмом расонидани онҳо чораҳои бетаъхир андешанд. Дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 479 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз кардаанд, ки дар онҳо 8500 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар зарфи 10 соли охир ба иқтисодиёти вилоят барои амалисозии 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ зиёда аз 25 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар солҳои 2016 – 2020 беш аз 11 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст. Имрӯзҳо дар вилоят татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва обрасонӣ, сохтмону барқарорсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва иншооти энергетикӣ, рушди кишоварзӣ ва дигар самтҳо идома дошта, маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 ба соҳаҳои афзалиятноки вилоят ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки 900 миллион сомонии онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои ҷалби сармояи мустақими хориҷиву ватанӣ ва густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти онҳо, бо масъулияти баланд муносибат намоянд. Тибқи маълумот дар ду моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи панҷ намуди андоз таъмин нагардидааст. Дар вилоят бақияи қарзи андоз низ ташвишовар буда, ҳаҷми он то аввали моҳи марти соли 2021 бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 78,2 миллион сомониро ташкил додааст. Қисми асосии бақияи қарзи андоз, яъне 76 фоизи он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки вобаста ба камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят дар ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 920 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 130,6 фоизро ташкил кардааст. Дар ду моҳи соли 2021 дар вилоят 21 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 176 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар баробари ин, дар ин давра 11 корхона бо 157 ҷойи корӣ барҳам хӯрда ё самти фаъолияташро иваз намудааст. Президенти мамлакат дастур доданд, ки бо мақсади ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи мазкур Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрҳои Гулистону Панҷакент ҷиҳати ҳалли масъалаҳои додани иҷозатнома, ҷудо намудани қитъаҳои замин, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳа чораҳои зарурӣ андешанд. Бо мақсади фаъол намудани иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои саноатии кишвар, инчунин самаранок истифода намудани тамоми имкониятҳои мавҷудаи онҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба тақвияти самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар таҳия намуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Бояд гуфт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ захираҳои умумии ояндадори ангишт дар Тоҷикистон зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва аз ин ҳаҷм тибқи омӯзиши геологӣ 314 миллион тоннаи он ангишти саноатӣ буда, 93 фоизи захираи мавҷуда, ки 300 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ба вилояти Суғд рост меояд. Дар конҳои ангишти вилоят 5 корхона фаъолият дошта, соли 2020–ум 1 миллиону 761 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардааст, ки 87 фоизи ҳаҷми умумии истихроҷи ангишти кишварро ташкил медиҳад. Аммо то ба ҳол истифодаи самараноки конҳои мавҷудаи ангишт ба талабот ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав, барқарорсозии иқтидорҳои аз фаъолият бозмонда, афзоиши корҳои истихроҷ, таъмини талаботи мамлакат бо ангишт ва ба роҳ мондани содироти он ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои рушди истихроҷи ангишти кишварро бо дарназардошти ҳаллу фасл намудани мушкилиҳои ҷойдошта, пардохти қарзи ангишти истифодашуда аз тарафи корхонаҳои энергетикӣ ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин, соддагардонии механизми андозбандӣ – бонуси обунавӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Дар асоси супоришҳои қаблӣ бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят чораҳои заруриро амалӣ намояд. Дар ду моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 428,3 миллион сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020–ум 6,6 фоиз зиёд аст. Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ба ин васила гирифтани то се ҳосил тадбирҳои мушаххас андешанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маорифу тандурустӣ Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро таъмин намоянд. Барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон дастур дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирии ин ҳолати нангин чораҳои мушаххас андешанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 56 беморхонаву марказҳо ва шуъбаҳои табобатӣ барои 3100 кат сохта, ба истифода дода шудаанд. Вобаста ба норасоии мутахассисони бахшҳои эҳё, силшиносӣ, тибби оилавӣ ва сироятшиносӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф намудани мушкилоти зикршуда чораҷӯӣ намоянд. Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ омили муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ буда, соли 2020 дар ин самт дар вилоят беш аз 47 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст. Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори машварат ҳамчунин баъзе масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор карданд. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои калон буда, истифодаи самараноки онҳо ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, дар навбати аввал, аз қобилияти кордониву ташкилотчигии роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши ватандӯстонаи ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад. Дар кори машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 2 моҳи соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ аз номи мардуми заҳматдӯсти вилоят ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми иқдомоту ташаббусҳо ва дастгириву ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |