27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91

1039
Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Таълиму тарбияи насли наврас ҷузъи таркибии фарҳангии мардуми куҳанбунёди мо буда, ҷавҳарест, ки миллатро пойдору ҷовидон нигоҳ медорад.
Хусусан дар замони муосир, ки ба амал омадани таҳаввулоти куллӣ дар ҷаҳонбиниву тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ хусусияти хоси он мебошад, фарҳанги тарбияи насли босаводу ояндасоз аҳаммияти аввалиндараҷа касб карда, ин раванди муҳим бояд таҳти назорати ҷиддии давлату ҷомеа, мактабу маориф, устодону омӯзгорон ва падару модарон қарор дошта бошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ва алалхусус солҳои охир Ҳукумати мамлакат кӯшиш менамояд, ки дар баробари муҳайёсозии инфрасохтори зарурии мактабҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ҷараёни донишомӯзӣ ва одобу рафтори насли ҷавон дар асоси меъёрҳои фарҳангу ахлоқи миллӣ ба роҳ монда шуда, наврасону ҷавонон дар рӯҳияи илму донишомӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, риояи ахлоқи ҳамида ва маърифату одоб ба камол расанд.
Маҳз бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба масъалаи баланд бардоштани нақши илму маориф ва мақоми устоду омӯзгор таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба бунёди мактабҳои типи нав ва ҳамзамон бо ин, барои мутобиқ гардонидани раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир эътибори ҷиддӣ медиҳем.
Имрӯз мо дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон — биступанҷсолагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои нави таълимиро дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 91 ба истифода додем, ки вобаста ба ин рӯйдоди фараҳбахш хонандагону омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ва аҳли маорифи пойтахти кишварро самимона табрик мегӯям.
Иншооти мазкур дар муддати хеле кӯтоҳ — 11 моҳ барои 2532 хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Мусаллам аст, ки инкишофи бонизоми ҷомеа ва ҳатто таъмини амнияти миллӣ бо ташкили раванди бонизому босифати таҳсилот ва рушди давлату давлатдорӣ бо саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд мебошад.
Алалхусус, дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам ҳассосу муҳимтар гардида, дар ин раванд соҳаи маориф нақши калидиро иҷро мекунад.
Зеро маҳз низоми маориф метавонад ва вазифадор аст, ки аз синни хурдсолӣ дар замири ҳар як фард тафаккури давлатӣ, рӯҳияи ватандорӣ ва дӯст доштани Ватанро тарбия намояд.
Соҳаи маорифи мо бояд тамоми имкониятҳоро ба он равона намояд, ки насли ояндасози миллат аз таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, заҳмати содиқонаи мардуми кишвар барои ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зарурати ҳифзи онҳо, аҳаммияти соҳибихтиёрӣ, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони пуртазоди муосир ва оқибатҳои эҳтимолии онҳо ба пояҳои давлатдории миллӣ огоҳ бошад.
Ман борҳо таъкид карда будам, ки мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад, зеро огоҳиву ҳушёрии мардум худ пояи асосии суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад.
Тарбияи насли босаводу донишманд ва кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат муҳимтарин вазифа ва бузургтарин хизмати соҳаи маорифи кишвар дар ҳифзи давлатдории миллиамон хоҳад буд. Дар ин росто, бояд таълиму тарбияи шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад ва хонандагони мактабҳои пойтахти кишвар на танҳо дар самти азбаркунии илму дониш, балки дар риояи одобу маърифат низ пешсафу намунаи дигарон бошанд.
Вобаста ба ин, як масъаларо хотирнишон менамоям, ки мактаб дар сурате ба сатҳи баланди донишомӯзӣ ва ташаккули ахлоқу рафтори хуби хонандагон муваффақ мегардад, ки падару модарон бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ муносибат намоянд.
Яъне оила ва мактаб бояд бо ҷидду ҷаҳди муштарак наврасонро тарбия кунанд, онҳоро ҳамчун шаҳрвандони босаводу соҳибмаърифат ва дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ ба воя расонанд.
Ҷараёни таълиму тарбия ҳамчун равиши эҷодӣ аз омӯзгорон истеъдоди баланд ва муҳаббат ба касби инсонсози устодиро тақозо менамояд. Омӯзгор бояд мувофиқ ба зеҳни кӯдак ва бо мақсади қаноатманд гардонидани талаботи ӯ аз усулҳои муосир моҳирона истифода намояд.
Чанд сол пеш, вақте ки мо ба ислоҳоти куллии соҳаи маорифи кишвар шурӯъ кардем, дар як вохӯрӣ бо аҳли маорифи кишвар аз онҳо омилҳои асосии беҳтар шудани фаъолияти соҳа ва болоравии сатҳи дониши хонандагонро пурсида будам. Онҳо пешниҳод карда буданд, ки дар навбати аввал бояд ду мушкилот, яъне аввал таъмини муассисаҳои таълимӣ бо шароити хуби инфрасохторӣ ва дуюм, китобҳои дарсӣ, дигар маводи таълимӣ ва адабиёти бадеиро ҳаллу фасл кардан зарур аст.
Тавре ки ҳоло мушоҳида мегардад, имрӯз мушкилоти зикршудаи соҳа, яъне шароити инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва таъминоти онҳо бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шуда истодааст ва ҳамаи имкониятҳо барои нашри китобу адабиёти зарурӣ дастрасу муҳайё мебошанд.
Акнун аҳли маориф низ вазифадоранд, ки якҷо бо падару модарон ва аҳли ҷомеа сатҳу сифати таълиму тарбияро ҷиддан баланд бардошта, ворисону номбардорони арзандаи миллатро ба камол расонанд, ки мисли гузаштагони мо ифтихори наслҳои оянда гарданд.
Хусусан, имсол, ки ҷашни барои ҳар яки мо муқаддас – биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон мебошад, моро водор месозад, ки ба хотири имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоламон дучанд заҳмат кашем, фарзандонамонро таълиму тарбияи дуруст диҳем ва онҳоро барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ва соҳибӣ кардани давлату миллат аз имрӯз омода намоем.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо баъди мулоқот бо шумо лоиҳаи дуюми азнавсозии қитъаи роҳи мошингардро аз чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии пойтахти мамлакат оғоз мебахшем, ки бо азнавсозии шоҳроҳи мазкур сифати роҳҳои мошингарди пойтахт ба талаботи замон мутобиқ гардида, ин роҳ солҳои зиёд ба сокинони пойтахт ва мардуми кишварамон хизмат хоҳад кард.
Созандагиву ободкориҳои азими даврони истиқлолият далели возеҳи онанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи мошингард аз чорроҳаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии пойтахти мамлакат дар чорроҳаҳои маҳаллаи 82-юм ва назди муҷассамаи ибни Сино роҳҳои зеризаминӣ, шоҳроҳҳои сеқабата, таваққуфгоҳҳо ва дигар инфрасохтори замонавӣ бунёд мегарданд, ки бешубҳа, симои зоҳирии пойтахти кишварамонро боз ҳам зебо ва шароити хизматрасонии нақлиётро хеле беҳтар хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат таъкид месозам, ки сохтору мақомоти дахлдор ва дар навбати аввал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд ба масъалаи таъмиру таҷдид ва ба талаботи замони муосир яъне ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани дигар роҳҳои пойтахт ва нигоҳдории онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Зеро сифати роҳҳо, вазъи инфрасохтори нақлиётӣ ва сатҳи хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии ҳаёти пойтахт ба шумор меравад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт эътибори доимӣ дода шавад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе корҳои барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳӣ идома доранд. Ба роҳбарону мутахассисони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, инчунин ба масъулони дигар сохтору мақомоти дахлдор хотиррасон менамоям, ки ин кор бояд то охири моҳи октябр ба анҷом расонида, ҳамаи ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои тиббӣ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва албатта, хонаҳои истиқоматии аҳолӣ ба қабули гармӣ тавассути шабакаҳои марказгармӣ омода ва пайваст карда шаванд.
Зеро то моҳи декабр маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 ба истифода дода мешавад. Мо ин марказро ба хотири таъминоти пойтахт бунёд карда истодаем.
Агар пойтахт бо гармӣ таъмин карда шавад, мо метавонем барқеро, ки барои гарм кардани манзилҳои истиқоматии сокинон истифода мешавад, ба шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт интиқол диҳем, яъне таъминоти мардумро бо нерӯи барқ бамаротиб беҳтар намоем.
Дигар ин, ки нерӯи гармӣ нисбат ба барқ хеле арзон буда, ба сарфаи маблағҳои буҷети оилаҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, ба вусъати корҳои ободонӣ, яъне масъалаи ободу зебо гардонидани ҳар як кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва майдонҳои пойтахт, ҳар як хонаву маҳалли зист, риояи маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ ва истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофиркаш эътибори аввалиндараҷа бояд дод, зеро симои пойтахт ойинаи миллат ва давлат мебошад.
Роҳбарону масъулон, падару модарон, ҷавонону бонувони фаъол ва аҳли зиё вазифадоранд, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбияи тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ кардани қонуншиканӣ дар байни ҷавонон, гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, риояи одоби муошират ва либоси миллӣ диққати бештар диҳанд.
Сокинони пойтахт нисбат ба мардуми дигар шаҳру ноҳияҳо аз вазъи ҷаҳони муосир бештар огоҳанд.
Аз таркишҳое, ки чанд рӯз пеш дар Арабистони Саудӣ рух доданд ва ҳодисаҳои даҳшатноки Ироқу Сурия, Афғонистони ҳамсоя ва кишварҳои дигар бараъло маълум аст, ки ифротиёну террористон ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз раҳм надоранд, барои онҳо ҳатто хонаи Худо, зодгоҳи пайғамбари Худо ва дигар ҷойҳои муқаддаси ислом қурб надоранд.
Дар чунин вазъ мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осудаи халқамон расем, Ватани соҳибистиқлоламонро баробари ҷонамон дӯст дорем, манфиатҳои давлату миллатамонро ҳамеша дар мадди аввал гузорем ва барои бо дастовардҳои арзандаи сокинони пойтахти давлати соҳибихтиёр истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 25 — солагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош кунем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар устодону шогирдон, падару модарони арҷманд ва ҳамаи ҳозирини гиромиро ба ифтихори биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон ва ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таълимии зебову замонавӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, иқболи нек ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво