6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бардошт аз Паём: Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ба воя расонад

2473
Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро соҳаи афзалиятнок эълон карда, барои ислоҳоти ботадриҷ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ташаккули низоми таҳсилоти муосир ва ҷавобгӯи талаботи замон ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд.

Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Асри ХХI-ро бе технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ тасаввур намудан душвор аст. Ин соҳаи нисбатан нав тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст ва дар ҷое, ки имконият фароҳам меояд, мавриди истифода қарор мегирад. Мақсади асосии Пешвои миллат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи васеи технологияи муосир дар ҷараёни таълим мебошад, зеро бе гирифтани маълумот оид ба дастовардҳои ҷаҳони муосир инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва илм имконнопазир аст. Ин маълумот тавассути воситаҳои гуногуни ахбор ба даст оварда мешавад, вале дар маркази ҳамаи ин воситаҳо технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия мавқеи асосӣ дорад.
Вобаста ба таъкидҳои Пешвои миллат дар Паём соли равон дар муассисаҳои таълими ноҳияи Восеъ давра ба давра таҷҳизоти техникии назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ) барои назорати раванди таълиму тарбия дар синфхонаҳои таълимӣ насб мешаванд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ бо мақсади ҷорӣ намудани шабакаи интернет дар низоми таҳсилот бо намояндагии ҶСП «ТТ-мобайл» дар вилояти Хатлон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонида, имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо модеми тамғаи ZTE MF-710 M таъмин шудаанд.

Дигар масъалаи муҳиме, ки дар самти маориф Пешвои миллат дар Паём таъкид намуд, ин давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна мебошад. Бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Мусо Ғафурзода имрӯз сохтмони муассисаҳои томактабӣ бо ҷалби бахшҳои хусусӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дошта, бо мақсади ба танзим даровардани марказҳои инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таълимӣ то охири сол дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтори марказҳои инкишофи кӯдакон тамдид мешавад, зеро таҳкурсии асосии тамоми зинаҳои дигари таҳсилот- ин зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳар омӯзгори ватандӯсту ватанпараст бояд дар даврони истиқлоли миллӣ заҳмат кашида, бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкорона дар беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия саҳмгузор бошад, зеро ба таъкиди Пешвои миллат: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Сироҷиддин Гурезов
мудири шуъбаи маорифи Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво