26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Санду

288
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям.

Натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоргардида далели ҷонибдории мардум аз роҳи интихобкардаи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Тоҷикистон ва Молдоваро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории созанда ба ҳам мепайванданд.

Итминон дорам, ки муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳои мо минбаъд ҳам тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориҳоро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам.

Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади роҳбари давлат комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво