24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд

500
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Украина қабул фармоед.

Ба Шумо сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти кишвари Шумо саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

Мардумони Тоҷикистону Украинаро анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори итминон менамоям, ки бо талошҳои муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардумони мо густаришу таҳким хоҳанд ёфт».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво