14 ноябр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии «Ҳиммат»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор доданд

236
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии “Ҳиммат”-ро, ки дар деҳаи Гулпарвари деҳоти Чимтеппа ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии “Ҳиммат” аз ҷониби соҳибкор Саидҷалол Ғайратов моҳи январи соли 2020 дар масоҳати 0,24 гектар бо харҷи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои навбунëди Гимназияи хусусии “Ҳиммат” аз 3 ошëна иборат буда, бо муҳайë кардани 40 ҷойи кории нав ва дар як баст бо фарогирии то 500 нафар хонанда ба таҳсил пешбинӣ шудааст.

Гимназияи хусусии “Ҳиммат” дорои 34 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо муосиртарин асбобу аëнияти хониш, ду утоқи кории ҳайати омӯзгорон ва толори барҳавои варзишӣ буда, барои хонандагон шароити арзандаи таҳсил фароҳам мебошад.

Бинои муассисаи томактабӣ иборат аз чор гурӯҳ барои ба тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак бунёд гардидааст, ки дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.

Синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи хоб, толори бозӣ ва ҳуҷраи машғулияти кӯдакон дар муассисаи томактабии мазкур мутобиқ ба завқу инкишофи тафаккури кӯдакон ҷиҳозонида шуда, барои онҳо воситаҳои дилхушӣ низ муҳайё мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд ва таъкид намуданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба тарбияи кӯдакон ва омодасозии томактабии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Пешвои миллат зимни суҳбати озоду самимӣ бо хонандагон таъкид намуданд, ки ҳарчи бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири компютерӣ рӯй оварда, донишу малакаи хешро беш аз ҳар вақти дигар сайқал диҳанд.

Дар иртибот ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риëзӣ дар соҳаи илму маориф” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар ин самт бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешанд.

Барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии “Ҳиммат” омӯзгорон ва мураббияҳои соҳибтаҷриба ҷалб гардида, ҷараёни донишандӯзи мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ, 104 синфхонаи иловагӣ бо 6,5 ҳазор ҷойи нишаст ва 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2376 нафар кӯдак мавриди истифода қарор гирифтаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво