26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

328
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво