26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд

512
26 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисерҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору суҳбати навбатиро имкони хубе барои муҳокимаи вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ карданд.

Аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳамкории кишварҳо давоми 27 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро дар ин муддат ҳамгироии кишварҳо раванди рушди бонизому бемайлонро касб намуд.

Таъкид гардид, ки мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳо ва халқҳоямон аз муколамаи сатҳи олӣ, сафарҳои ҷавобии сарони давлатҳо, машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таъсиси сафоратхонаҳо, фаъолияти гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин дигар имкониятҳо ба таври самаранок истифода барем

Барои мусоидат ба рушду густариши бештари робитаҳо пешниҳод карда шуд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, варзиш, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, инчунин илму фарҳанг, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, ҳар чи зудтар ба имзо расанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамгироии ҷонибҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, фарҳанг, туризм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво