Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя
596
5 октябр дар шаҳри Токиои Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар мавриди барррасӣ қарор дода шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми назарраси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония дар рушду густариши муносибатҳои байни мақомоти қонунбарор ва таҳкими дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба, баҳои баланд доданд. Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, муколамаи сиёсии байни давлатҳо, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳо сатҳу сифати навро касб намуд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳар ду ҷониб зимни баррасии дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, бо итминон иброз доштанд, ки Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо ва таъмиқи ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовар, саҳми арзанда мегузорад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |