22 сентябр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Валиаҳди Давлати Кувайт ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

944
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дорад, бо Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқот кард.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Давлати Кувайт, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки Парлумони Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Давлати Кувайт тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёриро фароҳам сохтааст. Сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мо ин сиёсати дарҳои боз аст ва ҳар мамлакате, ки хостори барқарорӣ ва густариш додани муносиботи неки худ бо кишвари мо аст, ҷониби Тоҷикистон низ бо чунин кишварҳо робитаи нек барқарор хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид дошт, ки барои фароҳам овардани чунин шароити ҳамкорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар мамлакат фазои қонунгузории мусоидеро фароҳам овардааст.
“Мо аз имконият ва зарфиятҳое, ки Давлати Кувайт дорад, бархурдор ҳастем ва кишвари Шуморо аз муҳимтарин давлатҳо дар ҷаҳони араб ва ҷаҳони Ислом мешиносем”,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳо ва манобеи бои гуногуни зеризаминӣ ва маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Бинобар ин Давлати Кувайт бо шароит ва имконоте, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар ин замина бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд ба роҳ монад.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома хотирнишон сохт, ки мардуми тоҷик ва кувайтиро муҳимтарин арзиши муштарак, ки дини мубини Ислом аст, бо якдигар наздик гардонидааст. “Мо тоҷикон ҳар як муваффақияти кишвари дӯст ва бародари Кувайтро муваффақият ва пешрафти худ маънидод менамоем, аз ин рӯ, сарфароз гардидани Амири Давлати Кувайт аълоҳазрат шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҷоизаи “Пешвои башардӯст” аз тарафаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар таърихи 9 сентябри соли 2014 ва номгузорӣ шудани Давлати Кувайт ҳамчун “Маркази ҷаҳонии амали башардӯстона” боиси ифтихори мо, тоҷикон мебошад”,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз дошт: “Ибтидои таърихи робитаҳои Тоҷикистону Кувайтро метавон аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар таърихи 17-19 апрели соли 1995 ҳисоб кард. Ҳамчунин метавон гуфт, аз ҳамон рӯзҳо дӯстии шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амири Давлати Кувайт оғоз ёфт. Ин дӯстӣ таҳкурсии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Давлати Кувайт гузошт, ки ҳоло яке аз самтҳои фаъоли робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
“Вобаста ба авзои минтақаи Шарқи Наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ тарафдори барқарории муносибатҳои неку дӯстона бо тамоми кишварҳо буда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зудтар поён ёфтани бӯҳрони Исроилу Фаластин ва мушкилоти Ироқ ва Сурия мебошад, ки амнияти минтақаро халалдор менамоянд ва ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд”,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тавсеаи равобит бо Давлати Кувайт дар ҳамаи заминаҳо аст ва барои ин дар ҳарду давлат шароит вуҷуд дорад. Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон худодод аст ва дар кишвари мо маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва меваю сабзавот бо ҳаҷми ниҳоят зиёд истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, Давлати Кувайт, бахусус соҳибкорон ва маблағгузорони хусусиву давлатӣ имконият доранд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дар ин замина ҳамкории хубро ба роҳ монанд.
- Ифтитоҳи сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати
Кувайт нишонаи он аст, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвари мо алоқаманди ба роҳ мондани муносиботи ҳасанаи дуҷониба бо кишвари дӯст ва бародари Кувайт мебошад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки мо умедворем, ки дар ояндаи наздик Сафорати Давлати Кувайт низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад.
Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба кишварашро қадами муҳиме дар тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ карда, зикр намуд, ки мо дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконот ва зарфияти тавлидотии маҳсулоти кишоварзӣ, захираҳои бойи сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар манбаъҳо маълумот дорем. Мо ҳамаи ин имкониятҳоро дар нишастҳои алоҳидаи мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳо ба натиҷаи ниҳоӣ хоҳем расид.
Аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ роҷеъ ба вазъи минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистони ҳамсояи мо изҳори андеша намуда, нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту субот дар минтақа муҳим арзёбӣ кард. Сарҳади Тоҷикистон ин сарҳади тамоми кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва мо бовар дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо хатарҳои терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб истодагарии қавӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот дигар масоили мавриди тваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво