Мулоқот бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керри
1435
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 03.11.2015 котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро “нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва равобити мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ намуда, изҳор дошт: “Ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои густариш додани чунин ҳамкории созандаю самараовар мо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод”. Ҷон Керри дар навбати худ аз имкони мулоқот бо Президенти Тоҷикистон изҳори қаноату хушҳолӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Ҷаноби Президент, ман аз қабул ва истиқболи гарму самимии Шумо миннатдорам. Ман имрӯз ниҳоят хурсандам, ки бо Шумо мулоқот мекунам. Инчунин аз он қаноатманд ҳастам, ки имрӯз дар бораи натиҷаҳои вохурӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як хулоса меоем. Барои ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан боиси хушнудист. Бесаброна интизорам, ки дар ин мулоқот бо Шумо масъалаҳои барои ҳарду тараф судманд ва мубрамро муҳокима намоем. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ифтихорманд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як кишвари соҳибистиқлол аст ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодии хеш талошҳо меварзад. Мо минбаъд ҳам ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома медиҳем. Ман фикр мекунам, ки ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо ниҳоят муҳим мебошад, зеро он ҳамсояи наздики Афғонистон аст ва инчунин масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вуҷуд дорад. Ман омодагии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самти баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таъйид менамоям”. Тавре таъкид гардид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон арҷ гузошта, омода аст аз истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дастгирӣ намояд. Зикр гардид, ки ҳоло равобити Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, бахшҳои гуманитарӣ, маориф ва фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ғайра бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбанд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Амрико барои таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ собитқадамона талош хоҳанд кард. Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамчунин атрофи доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |