Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин
694
Дар доираи сафари давлатии худ дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Чун Жан ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод. Баргузории ин вохӯрӣ боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити хубу мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати “Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони доираи соҳибкорӣ ва ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ имкон доранд, тақрибан аз дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ ва қариб ҳафтод навъи ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд. Барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ, саноати металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои кӯҳӣ, саноати кимиёвӣ, сабук ва хурокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси агросаноатӣ ва туризм таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд. Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин маъниндод гардид. Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо доираи тоҷирону соҳибкорони Чин фароҳам мебошад ва истифодаи самароаноки ин имкониятҳо барои ҳарду ҷониб ҳамаҷониба манфиатбор аст. Дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд. Дар ҳамоиш Ноиби Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк) Сун Пинг ва Директори минтақавии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷинбао суханронӣ намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |