6 июл 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд

64
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ донишҷӯёнро бо истифода аз шароити замонавӣ ба омӯзиши илм ва пайваста такмил додани малакаи касбию оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманд хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи донишҷӯён моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида буданд ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошанд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд карда шуда, барои 800 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дар оянда бунёди шаҳраки замонавии тиббӣ ва иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Оянда дар баробари бунёди бинои асосии таълимии Донишгоҳ тибқи нақшаи генералӣ сохтани дармонгоҳи вилоятӣ, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва ду хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар аст.

Ёдовар бояд шуд, ки таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, аллакай нахустин таълимгирандагони ин даргоҳи илму маърифат иборат аз 336 нафар соли 2022 донишгоҳро хатм намуданд ва мутобиқи тақсимоти фардӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тандурустӣ сафарбар карда шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво