17 июн 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

717
Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳияро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Бинои мазкур аз 3 — ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум дароматгоҳ, даҳлез, 4 адад ҳуҷраҳои озмоишӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 адад ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави таълимӣ Сарвари давлат ба кори сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти навро ба донишҷӯёну омӯзгорон муборакбод намуданд.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Пажуҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» мебошад.
Корҳои сохтмонии бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт соли 2013 оғоз гардида, коргарони корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бедак” онро дар муддати се сол бо сифати баланд сохта ба истифода доданд.
Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, барои илмомӯзии донишҷӯён беҳтарин шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин Коллеҷи тиббӣ дорои ошхона бо 60 ҷой, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Ҳамзамон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо толори замонавӣ барои 250 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Иншоот аз 3 ошёна ва аз 138 ҷойи хоб иборат буда, дар он ҳамаи шароитҳо барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст.
Бино бо синфхонаи компютерӣ, толори хониш, ошхона ва шустушӯйхона муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 сохтмони бинои хобгоҳро оғоз намуда буд.
Сарвари давлат зимни шиносои ба шароити хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоят доданд.
Иттилоъ дода шуд,ки харҷномаи иншоот тибқи лоиҳаи кории он маблағи 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ буда, он бо маблағи 5 миллиону 71 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ сохта мавриди истифода дода шудааст.
Донишҷӯёну омӯзгорон ифтитоҳ ва фароҳам овардани чунин шароти замонавиро дергоҳ интизор буданд ва инро тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд ва барои дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи маорифи кишвар арзи сипосу минатдорӣ менамоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво