24 сентябр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ДТТ барои ҷалби ҷавонон ба ихтироъкорӣ дар як сол ду маротиба озмуни «Ихтироъкор ва инноватори ҷавон» мегузаронад

434
Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр кард, ки дар соли 2016 ҳайати омӯзгорон соҳиби 5 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федреатсияи Россия гардиданд. Инчунин натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии 3 омӯзгори донишгоҳ дар истеҳсолот ва муассисаи таълимӣ татбиқи худро ёфтаанд.
Ба иттилои Илҳом Амонзода, Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ҷалб намудани диққати ҷавонон ба ихтироот ва зиёд намудани ихтироъкорони ҷавон тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар як сол ду маротиба озмуни «Ихтироъкор ва инноватори ҷавон»-ро баргузор намуда, ғолибонро қадрдонӣ менамояд.
«Дар соли 2016 аз ҷониби ҳайати омӯзгорони донишгоҳ зиёда аз 300 мақолаи илмӣ нашр шуда, аз ин миқдор 173 -тоаш дар маҷаллаҳои иқтибосии Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия ба нашр расиданд»,-иброз дошт ректори донишгоҳ.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво