29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДТТ намунаи миниэкскаватор сохтааст, ки баъди аз озмоиш гузаштан пурра истеҳсол мешавад

1004
Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф буда, дар айни замон дар он намунаи таҷрибавии воситаи техникаи хурди сохтмонию роҳсозӣ — миниэкскаватор сохта шудааст, ки баъди пурра аз озмоиш гузаштан истеҳсоли оммавиаш дар назар аст. Дар ин бора муовини ректор оид ба таълими ДДТ Сафаралӣ Гадоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Сафаралӣ Гадоев яке аз дастовардҳои беназири донишгоҳ дар самти фаъолияти байналмилалӣ дар солҳои охир фаъолияти самараноку умедбахши факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон-Беларусро номид, ки дар айни замон дар он 354 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Дар соли 2016 фаъолияти факултети мазкур фарох гардонида шуда, дар баробари ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» қабули довталабон ба ихтисосҳои «Нақлиёт ва роҳ» ва «Энергетика» оғоз гардид.
Ба имзо расонидани созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо зиёдтар аз 14 донишгоҳи дунё низ яке аз нишондиҳандаҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ мебошад.
Ба маълумоти роҳбарият, дар айни замон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 41 нафар таҳсил менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво