25 сентябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Паём-роҳнамои фардои ҷомеа

569
Тибқи нақша - чорабиниҳо роҷеъ ба фаҳмондани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
А.Абдуалимзода-муовини якуми раиси Кумита роҷеъ ба аҳамият ва омӯзиши Паёми солонаи Президенти кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, ибрози назар намуд.

Паём-роҳнамои фардои ҷомеаДар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми имсола дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. Сардори давлат ба тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуда, фаъолияти соҳаҳои мухталифро бо мисолҳои дақиқу мушаххас шарҳ дод.

Паём-роҳнамои фардои ҷомеаДар ҷамъомад раиси шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои вобастаи академияи илмҳо, доктори илмҳои фалсафа, профессор - Кароматулла Олимов оид ба дастгирии ҷавонон, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа сухан кард. Албатта, яке аз самтҳои асосии сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумат дастгирии бевоситаи ҷавонон мебошад. Пешвои миллат дар Паёми имсола гуфта буданд, ки: «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Паём-роҳнамои фардои ҷомеа
Албатта, ҷавонон бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Хушбахтона имрӯз аксари кормандони Кумитаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба иттилои В.Гулаҳмадзода- тасмимҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан ҳам ба боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин мо ҷавоно низ сиёсати оқилонаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста кӯшиш мекунем, ки дар рушду нумӯъи кишвар ҳассагузор бошем.
Дарвоқеъ, Паёми роҳбари давлат барои ҳар як фарди баору номуси кишвар роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво