29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони Кӯлоб аз Паёми имсола илҳоми тоза гирифтанд

1106
Имрӯз сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб тавассути тамоми шабакаҳои телевизионию радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра тамошо карда, барои расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани самтҳои асосии Паёми имсола нақшаҳои навро рӯи кор гирифтанд.
Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, воситаи доимомалкунанда дар тарҳрезии нақшаи чорабиниҳо ва пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин баёну тарҳрезӣ мешавад. Зимни ироаи Паём тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ гардида, гуфта шуд, ки соли 2015 барои кулли мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ давраи тазодҳо ва вусъат гирифтани хатари асри нав- экстремизму ифротгароӣ буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони мақомоти давлатӣ ва умуман тамоми мардуми Тоҷикистонро дар самти пешгирии хурӯҷи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ таъкид кард. Таъсир расонидани офатҳои табиӣ, шиддат гирифтани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар монеа эҷод карда бошад ҳам, сатҳи камбизоатӣ 31 фоиз коҳиш ёфта, пасандозҳои аҳолӣ ба 9 миллиард сомонӣ боло рафтааст.
Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятнок чорабиниҳои аввалиндараҷаи зиддибӯҳронӣ қабул намуда, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳдорӣ ва пешбурди сиёсати молия, буҷету андоз ва тақвиятбахшии рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти ҳамарӯзаро амалӣ менамояд.
Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво