25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Андешаҳо дар партави Паём

1294
Оид ба мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи махсус доир гардид.
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Зӯҳро Окимбекова оид ба масъалаҳои дар Паём ироагардида чунин ибрози андеша намуд:
-Сардори давлат зимни ироаи Паёми хеш ҳадафҳои асосиро муайян намуда, доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсолон, ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар шаклҳои касбӣ барои духтарони хонашин ва дар ин росто, паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки дар байни мардум мақоми хосеро касб намуданд. Боло бардоштани музди меҳнати кормандони фарҳанг, тиб, маориф, нафақахӯрон, идрорпулии донишҷӯён рӯҳияи моро баланд бардошта, нисбат ба кор бепарво набудани моро талаб менамояд. Ғамхории Роҳбари кишвар нисбат ба вазъи иҷтимоии ҷомеа ҳамеша дар мадди аввал меистад. Инро бори дигар мо эҳсос намудем.
Андешаҳо дар партави Паём

Сипас, Ғ.Аҳмадҷонов-сармутахассиси Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироӣ доир ба мӯҳтавои Паём суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки бандҳои ба кумитаи сохтмон ва меъморӣ дахлдоштаро амалӣ намудан вазифаи ҳар як корманд аст.
А.Болтуев - муовини сардори Раёсати шаҳрсозӣ мулоҳизаи худро дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуд:
-Дар Паёми имсола ҳалли масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, аз ҷумла рушди минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мадди аввал гузошта шуда, иҷро шудани самтҳои зикршударо Пешвои миллат таҳти назорати қатъии худ гирифт. Мо, кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олиро ҳамеша дастгирӣ намуда, кӯшиш мекунем, ки дар иҷрои дастуру супоришҳо саҳмгузор бошем.
Т.Неъматов - сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмон гуфт, ки пас аз ироаи мӯҳтавои Паём ба хулоса омадам, ки ҳарчӣ бештар бояд дар сохтмону соҳаҳои дигар истеҳсоли маҳсулоти ватаниро истифода барем. Зеро ин бештар бар манфиати истеҳсолкунандагони кишвар ва ҷумҳурии азизамон равона мегардад.
В.Гулаҳмадзода- мутахассиси пешбари Раёсати саноат ва барномаҳои энергетикӣ изҳор намуд, ки Сардори давлат дар ҳар як баромади худ ба ҷавонони кишвар диққати махсус медиҳад. Мо, ҷавонон хеле шод ҳастем, ки ин гуна лоиҳаҳои ободӣ ва шукуфоӣ аз тарафи Роҳбари давлат пешбинӣ шуда, бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат амалӣ мегарданд. Қавл медиҳем, ки супоришҳои сардори давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳиссаи худро барои тараққиёт ва рушду нумӯи соҳаҳои ба зима доштаамон мегузорем».


Д.Табарова




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво