26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи озмоишгоҳи мавод, масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ

1472
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мавод, масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ
Дар асоси дастур ва дастгирии бевоситаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назди КВД «ПИТ сохтмон ва меъморӣ» Озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонӣ ташкил карда шуд. Субҳи имрӯз дар маросими ботантанаи ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., муовини Раиси Кумита Мирзозода Н.Ю. ва роҳбарони зерсохторҳои Кумита иштирок намуданд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ба фаъолият оғоз намудани лабораторияро дар КВД «ПИТ сохтмон ва меъморӣ» фоли нек арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон чунин озмоишгоҳ ба фаъолият шурӯъ кунад. Бояд гуфт, ки барои пурра таъмин кардани лабораторияи озмоишии масолеҳи бинокорӣ бо асбобҳои зарурӣ ва таъмири бинои лаборатория аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мавод, масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ
У.Умаров-директори КВД «ПИТ сохтмон ва меъморӣ» ба фаъолияти озмоишгоҳ ва аҳамияти он дар соҳаи сохтмон равшанӣ андохт. Ба иттилои У.Умаров озмоишгоҳ ҷиҳати санҷиши масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, санҷиши сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонии зеринро пешниҳод мекунад:
Масолеҳи деворӣ (хишт ва сангҳои деворӣ);
Пуркунандаҳои бетон (рег, сангреза ва шағал);
Об;
Масолеҳи часпандаи минералӣ;
Маҳлулҳои бетонӣ ва бетон;
Маҳлулҳои сохтмонӣ;
Масолеҳи асбестосементӣ;
Масолеҳи роҳӣ;
Масолеҳи гармимуҳофиз, садоногузарон ва садофурӯбаранда;
Масолеҳи ороишӣ ва рӯйпӯшкунанда;
Шиша ва маснуоти шишагӣ;
Масолеҳ ва маснуоти бомпӯш, обногузарон ва герметизатсиякунанда;
Асос ва таҳкурсии бино ва иншоот;
Маснуоти бетонӣ ва оҳанубетонӣ;
Масолеҳи металлӣ ва композитӣ;
Сарфаи энергия дар бино ва иншоот ва самаранокии истифодабарии энергия;
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мавод, масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ

Раванди корбарӣ дар озмоишгоҳ ба таври автоматикунонӣ ба роҳ монда шудааст. Барои омода кардани мутахассиосни озмоишгоҳ як қатор мутахассисони ҷавон ба курсҳои омӯзишӣ дар озмоишгоҳҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба хусус НБО «Роғун» ҷалб карда шуданд.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мавод, масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ
Сипас ба хотири намоиш додани тарзу усули корбарӣ ва кори таҷҳизот дар ҳузури раиси Кумита ва роҳбарони зерсохтори он санҷиши намунаи бетон дар таҷҳизоти санҷишии тамғаи ПГМ-500М, истеҳсоли СПКБ «Стройприбор»-и шаҳри Челябинск, ки иқтидораш 500КН аст, инчунин санҷиши намунаҳои арматура дар таҷҳизоти санҷишии тамғаи РМГ-300, истеҳсоли СПКБ «Стройприбор»-и шаҳри Челябнск, ки иқтидораш 300КН аст, гузаронида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво