19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Марҳамат ба дўкони китоб!

1026
Марҳамат ба дӯкони китоб!
Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. дар шафати бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мағозаи китоб бо тантана ба фаъолият оғоз намуд.
Марҳамат ба дӯкони китоб!
Дар дӯкони китоб Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии иншооти варзишӣ, бехатарии меҳнат дар сохтмон, сохтмони зилзилатобовар, сутунтаҳкурсиҳо, меъёрҳои лоиҳакашӣ, гармкунӣ, ҳавоивазкунӣ ва ташкили муҳити зист, гармимуҳофизии биноҳо, биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, фиттаҳо оид ба иттилоти шаҳрсозӣ, меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон-корҳои заминӣ маҷмӯаи №1, конструксияҳои сангӣ ва армосангӣ, меъёрҳои лоиҳасозӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шуданд. Раиси Кумита нахустин шуда аз дӯкони китоб Меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро харидорӣ намуд. Дӯкони китоб барои кормандони соҳаи сохтмон имкон фароҳам овард, ки бе монеа МҚС-ро дастрас намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаашон истифода баранд. Мизоҷон имкон доранд, ки дар оянда аз дӯкони китоб «Рӯзномаи бинокорон», маҷалаи «Меъморӣ» ва дигар китобҳои соҳаи сохтмонро низ дастрас намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво