Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид
593
Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоиза ва намояндагони соҳаи маорифи ин шаҳр сазовори ҷойи аввали озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, озмун дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон баргузор гардида, дар он кадбонуҳои ҷамоатҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намудан. Кадбонуҳо навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва монанди инро дар дастархонҳои идонаи миллӣ ба маъраз гузоштанд. Аъзои ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан карда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд. Ба иштирокчиён ва ғолибони озмун диплому туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |