19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Хатлон Озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия ва маҳаллаву ҷамоатҳо» ҷамъбаст гардид

566
Дар вилояти Хатлон озмун барои муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа ҷамъбаст гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳадафи озмун дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди вилоят бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии озмуни вилоятӣ аз баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ иборат буд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, марҳилаи якуми озмун дар шаҳру ноҳияҳо 20 июли соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.

Бо қарори комиссияи вилоятии озмун маҳаллаи «Ибни Сино» аз ноҳияи Кӯшониён ғолиби ҷойи якум гардида, соҳиби 3500 сомонӣ мукофотпулӣ шуд. Маҳаллаи «Нурулло Ҳувайдуллоев»-и шаҳри Бохтар ҷойи дуюм ва 2500 сомонӣ мукофотпулӣ, маҳаллаи «Маҳаллаи-1»-и ноҳияи Фархор ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ мукофотпулиро соҳиб шуданд.

Байни шаҳрҳо шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи аввал, шаҳри Кӯлоб ғолиби ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво