Главная > Навидҳо > Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид

Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид


25-01-2019, 14:06.
 Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардид
Ҷамоати Чоруқдаррони шаҳри Гулистон соҳиби Шоҳҷоиза ва намояндагони соҳаи маорифи ин шаҳр сазовори ҷойи аввали озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмун дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон баргузор гардида, дар он кадбонуҳои ҷамоатҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намудан. Кадбонуҳо навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо ва монанди инро дар дастархонҳои идонаи миллӣ ба маъраз гузоштанд.

Аъзои ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз дастархони оростаи иштирокчиён дидан карда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд.

Ба иштирокчиён ва ғолибони озмун диплому туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуданд.
Вернуться назад