27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ

876
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ
Рӯзи 15-уми декабри соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди як қатор иншооти муҳим аз наздик шинос шуд.
Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Кумитаи меъмор ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳ барои 5 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, сохтмони он моҳи марти соли 2016 оғоз ёфтааст. Фармоишгари иншооти мазкур дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он ҶДММ “Сохтмон” мебошад. Дар варзишгоҳ ҳамзамон иншооти дигари ёрирасон низ бунёд ёфта, имконият фароҳам оварда мешавад, ки шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни варзиш шуғл варзанд.

Дар аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат ба сохтмончиён дастур дод, ки заминаи дар оянда зиёд намудани ҷои нишасти варзишгоҳ бояд аз ҳозир гузошта шавад. Инчунин интихоби масолеҳи сохтмонии хушсифат, ба таври замонавӣ кабудизоркунии варзишгоҳ ва анҷоми босифати корҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ

Дар ҳамин мавзеъ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат сохтмони боз як иншооти бузург - Қасри фарҳанг оғоз ёфта, корҳо дар ин самт муташаккилона идома дорад. Иншоот мувофиқи лоиҳа бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардида, фармоишгари он дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он ҶДММ “Сохтмон” мебошад. Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои зиёда аз 20 ҳуҷраи корӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон хоҳад буд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, бо усули меъмории замони муосир ва омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Зимнан, Раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар шафати Қасри фарҳанг бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як амфитеатри замонавӣ бунёд карда хоҳад шуд.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни сохтмони Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ ва кӯдакистони хусусӣ барои 160 нафар, ки аз ҷониби соҳибкор Б.Ҳасанов бунёд мешавад, шинос гардид. Сохтмони ин ду иншоот моҳи апрели соли равон оғоз ёфта, он арзиши лоиҳаии онҳо 1,6 миллион сомонӣ мебошад.
Таъмиру таҷдиди кӯчаи ба номи С.Шарифови маркази ноҳия низ мавриди таваҷҷӯҳи Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамороҳонаш қарор гирифт. Дарозии умумии кӯчаи мазкур 700 метрро ташкил дода, он ба таври замонавӣ тахту ҳамвор, чароғон ва сабзу кабудизор карда мешавад. Дар ҳамин кӯча тибқи лоиҳа дар оянда сохтмони як қатор иншоот аз қабили Маркази адлия, Раёсати молия, суғуртаи нафақа ба сомон расонида мешавад. Инчунин бо мабалғгузории Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила кӯчаҳои ҳудуди ноҳия ба таъмиру тармим фаро гирифта хоҳад шуд ва аллакай соли ҷорӣ дар ин раванд зиёда аз 4 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо лоиҳаи сохтмони мактаб барои 240 хонанда дар маҳаллаи Меҳрободои ҷамоати шаҳраки Суғдиён ва таъмиру навсозии роҳи мошингарди Обшорон-Спитамен-Сарбанд шинос гашта, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Худи ҳамин рӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ баргузор гашт. Дар ҷаласаи корӣ як қатор роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, фаъолон ва масъулини ноҳия ширкат варзиданд.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ

Ҳадаф аз сафари кории ҳайати Ҳукумати кишварро Сарвазири мамлакат ин шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи риси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми 11 моҳи соли равон шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз дар ноҳия ба пуррагӣ ва барзиёд иҷро гардида, мамҷӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 514 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад 174 миллион сомониро ташкил дод.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободониву созандагӣ анҷом дода мешавад. Дар ноҳияи Мастчоҳ бошад бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 қабул гардида, дар ин раванд татбиқи 146 лоиҳа ба маблағи умумии 186 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо барномаи мазкур мавриди татбиқ қарор дорад ва баҳри иҷроиши пурраи он бояд тамоми имкониятҳо сафарбар карда шавад.
Дар ноҳия баробари пешрафт камбудиҳо низ ба назар мерасад, ки роҳбарият ва масъулин ҷиҳати бартараф намудани он бояд чораҷӯӣ намоянд. Роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки масъалаи бақияи қарзи андозро ҳал намуда, ба афзун намудани истеҳсоли пахта, коркарди саривақтии пахта, фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи маблағи барқи истифодашуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.
Сарвазири мамлакат ба масъулини ҷумҳуриявиву вилоятӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар рафти ҷаласа қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконот истифода бурда, дар ин раванд дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони Амфитеатр, ду мактаб, Маҷмааи варзишӣ, кофтани ду чоҳӣ амудӣ дар маҳаллаи тозабунёди Ваҳдатобод, таъмири кӯчаҳои ноҳия ва пойгоҳҳои обкаширо ба сомон хоҳад расонид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво