Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмони иншооти гуногун дар Ваҳдат
1184
Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни корҳои сохтмони иншооти гуногун, ки дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, шинос шуд.
Сарвазири мамлакат нахуст аз бинои нави нозироти андози шаҳри Ваҳдат дидан кард. Бинои маъмурии нозироти андози шаҳр аз се ошёна иборат буда, сохтмони он ибтидои соли 2015 оғоз гардида буд. Дар давоми 17 моҳ бино аз ҷониби Кооперативи тиҷоратии «Дилшод» сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ таъмин шудааст. Утоқҳои корӣ ва толори барҳавои маҷлисгоҳ мувофиқ ба талаботи имрӯзаи сохтмонӣ бунёд шуда, намуди зебо доранд. Бинои нави нозироти андози шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои лоиҳакаширо дар он ҶДММ «Созанда-2012» анҷом дод. Сипас, Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеи бунёди варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дидан карданд. Бунёди варзишгоҳи марказии шаҳр дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, анҷоми корҳои сохтмони он то рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Варзишгоҳ барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Дар маҳалли наздик ба варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав шинос шуд. Бинои мактаби нав аз чор ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Ширкати сохтмонии ватании «Диамонт-Канаск» анҷом дода мешавад. Корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти навбунёд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар баробари иҷрои корҳои асосӣ варзишгоҳи мактабӣ, толори варзишгоҳ ва толори маҷлисгузаронӣ бунёд карда мешаванд. Мактаби нав бо тарҳу услуби меъмории муосир бунёд шуда, барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбаршуда, Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту идораҳои масъули соҳаро барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ, вусъати корҳои ободонию сабзухуррамгардонии атрофи иншооти нав, риояи ҳатмии талаботи меъморию сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинишуда ва бартараф кардани камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифадор намуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |