5 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»

943
Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об ва рафти татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳо дар марҳилаҳои якум ва дуюм дидан карда, барои таъмини иҷроиши пурра ва босифату саривақтии лоиҳа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар се марҳила обёрии наздик ба се ҳазор гектар заминҳо пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади фароҳам овардани то 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути зиёд намудани майдонҳои кишти пахта, боғу токзор ва сабзавоту полезиҳо амалӣ карда мешавад. Марҳилаҳои лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ татбиқ гардида, корҳои тарҳрезӣ ва татбиқу иҷроиши марҳилаи сеюми лоиҳа аллакай оғоз гардидааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки дар доираи он обёрии 1750 гектар замин пешбинӣ гардидааст моҳи марти соли равон ба анҷом расонида шуд. Анҷоми марҳилаи сеюми лоиҳа тибқи нақша дар моҳи декабри соли 2019 дар назар дошта шудааст. Марҳилаи сеюми «Обёрии заминҳои водии Данғара» низ обёрии 1750 гектар заминро фаро хоҳад гирифт.
Зимни шиносоӣ бо ҳолати татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюм Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулони соҳаро барои иҷрои босифати корҳои тозанамоӣ ва бетонпӯшсозии қисматҳои алоҳидаи канали асосӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои барои иҷрои лоиҳа пешбинӣ шуда, корҳои истифодаву нигоҳдории иншооти асосии обрасонӣ ва тақвияти назорати татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории мамлакат вазифадор карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво