27 май 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон

27397
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон- муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» ҷараён дорад.
Дар доираи Форум намоиши инноватсионии дастовардҳои соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони фаъол ташкил гардидааст, ки чанд лаҳза пеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳ бо дигар меҳмонону иштирокдорони форум аз он дидан карданд.
Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ҳудуди 400 нафар соҳибкорони ҷавон иштирок доранд.
Форуми мазкур дар доираи силсилабарномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ баргузор мегардад.








Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво