20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ

874
Шурӯъ аз 3 апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд.
Дар баробари чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт инчунин гӯшаҳои сайёҳӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла армуғонҳо барои сайёҳон пешниҳод карда мешаванд.
Ҳадафи тадбирҳои мазкур мусоидат намудан ба рушди туризм, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, ҷалби таваҷҷӯҳи доираи васеи мардум ба соҳаи сайёҳӣ, фаъол гардондани хатсайрҳои туристӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, чеҳраҳои ҷавон ва ба ин васила тақвият додани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе то охири сол баргузор карда мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво