25 сентябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"

240
[center Сафарзода Абубакр Аваз
Директори Муассисаи давлатии
"Маркази амалигардонии равзанаи ягона,
кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"

Муассисаи давлатии  "Маркази амалигардонии равзанаи ягона,  кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"

1. Асосҳои ҳуқуқӣ ва заминаҳои таъсисёбии Муассиса

Тавассути сиёсати пайгирона ва хираду заковати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ шинохта шуда, дар ин ҷода иҷрои як қатор ташаббусу чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро ба ӯҳда гирифтааст.
Яке аз чунин иқдомҳо роҳандозии принсипи Равзанаи ягона мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 “Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 апрели соли 2009, №638 “Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” зерлоиҳаи “Идораи институтсионалӣ оид ба дастгирии “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон” татбиқи худро ёфта истодааст.
Дар доираи Лоиҳаи мазкур барои таъминоти моддию техникии мақомотҳои маҳаллии меъморию шаҳрсозии ВМКБ, вилоятҳо шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати пешбурди низоми равзанаи ягона 800 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шуда буд.
Айни ҳол аз маблағи пешбинишуда ба маблағи 287 ҳазор доллари амрикоӣ техникаи компютерӣ барои таъминоти мақомотҳои маҳаллии меъморию шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва маблағи 263 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот барои лабораторияи озмоишии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита, харидорӣ карда шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва сифати ҷамъоварию пешниҳоди маълумот ва дар ин замина таҳкими мониторинги шаҳрсозӣ бо қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозb” таъсис дода шудааст.
Муассиса ба номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, айни замон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии он ба анҷом расонида шуда, тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Xумҳурии Тоҷикистон ҳамкорb бо дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурb ва ташкилотҳои байналмилалb ба роҳ монда шудааст.
Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” фаъолияти худро дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита амалӣ мегардонад.
Ҳамзамон, тибқи Оиннома, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2017 №75/ф тасдиқ карда шудааст, Муассиса он намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии муассиса мутобиқат менамоянд, ба амал бароварда метавонад.
Муассиса дар баробари татбиқи принсипи равзанаи ягона барои пешбурди кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ, таъмини мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумотҳои дақиқ оид ба фазои фаъолияти ҳаётӣ, тағйиротҳои дар он ба вуҷуд омада, аз ҷумла маҳдудияти истифодабарии ҳудуд ва иншоотҳои ғайри манқул, дигар маълумотҳо дар барои фаъолияти шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ, идораи замин, фаъолияти хоҷагидорӣ, арзёбӣ ва андозбандии иншоотҳои ғайриманқул аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом даровардани расмиёти маъмурӣ бо назардошти истифодаи принсипи “равзанаи ягона” ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳ ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ замина гузошта, ба ҳар як шаҳрванди хоҳишманд шароити мусоид фароҳам меорад, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳуҷҷатҳои худро барасмият дароварда, ба фаъолият шуруъ намояд.
Мақсад аз ташкил додани Муассиса таъмини иҷро ва ба танзим даровардани барномаҳои мақсадноки давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, иҷрои вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин тибқи Кодекси шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ кардани талаботи субъектони муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошад.
Айни замон дар доираи фаъолияти Муассиса барномаи пешбурди равзанаи ягона дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ширкати Синон таҳия гардида, ба шабакаҳои интернетию корпаративии VPN канал Тоҷиктелеком пайваст карда шуд. Ҳамчунин дар Муассиса барои барномасозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг заминаҳои техникӣ мавҷуд буда, бо таъмини маблағгузории зарурӣ чорабинии мазкур ба анҷом расонида мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум мавқеи худро 5 зина боло бурда, аз мавқеи 128-ум мавқеи 123-юмро дар баробари ба даст овардани 56,86%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ишғол намудааст.
Ин пешравӣ асосан аз рӯи беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” ба 28 зина, “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” ба 26 зина, “Пайвастшавӣ ба қувваи барқ” ба 2 зина, “Бақайдгирии моликият” ба 7 зина, “Андозбандӣ” ба 8 зина, “Тиҷорати байналмилалӣ” ба 3 зина ва инчунин “Таъмини иҷроиши қарордод” ба 1 зина ба даст омадааст.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСА
1. Муассисаи бо мақсади таъмини иҷро ва ба танзим даровардани барномаҳои мақсадноки давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, иҷрои вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд, иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин тибқи Кодекси шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ кардани талаботи субъектони муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошад ташкил карда шудааст.
2. Барои ноил гаштан ба мақсади мазкур, муассиса фаъолиятҳои зеринро амалӣ менамояд:
- омода намудани нақшаҳои ҷойгиронии бинову иншоотҳо;
- таҳияи лоиҳаҳои ангоравию корӣ, банақшагирии мавзеъҳои барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ интихоб ва додашуда;
- таъмини таҳия ва татбиқи барномаҳои ташкилкунии кадастри шаҳрсозӣ ва ташкили лоиҳаҳо ва истифодабарии системаи автоматикӣ;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи пешбурди кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ;
- ташкили маркази таъмини илмию методии пешбурди кадастри шаҳрсозӣ дар ҳама сатҳ ва маркази пешбурди кадастри шаҳрсозӣ;
- мубодилаи иттилоот оид ба кадастри шаҳрсозӣ, инчунин дигар кадастрҳои соҳавӣ аз ҷумла, кадастри замин ва дигар кадастрҳои давлатӣ ва системаҳои иттилоотӣ, ки пешниҳоди маълумоти ибтидоиро барои дохил намудан ба кадастри шаҳрсозӣ пешбинӣ менамояд;
усули ягонаи пешбурди мониторинг - мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолати объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;
- дар асоси созишномаҳо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкили пешниҳоди ахбороти кадастри шаҳрсозӣ, аз ҷумла ахборот дар бораи объектҳои моликияти давлатӣ ба истифодабарандагон;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани андозаи харҷи хизматрасонй барои пешниҳоди маълумоти кадастри шаҳрсозӣ ва тартиби истифодаи маблағҳое, ки барои чунин хизматрасонӣ ворид мегарданд;
- аз рӯи низоми ягона пешбурди назорат оид ба риояи кадастр ва мониторинг шаҳрсозӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳо, шаклҳои намунавӣ,
методикаҳо, таснифот ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ оид ба системаи ягонаи пешбурди кадастри шаҳрсозӣ, ҳамчунин ҷамъоварӣ, коркард, баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ, нигохдорӣ, азнавкунии захираҳои ииттилоотӣ, пешниҳоди ахборот ба истифодабарандагон;
- методикаи ягонаи пешбурди мониторинг ташхис, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолати объектҳои фаъолияти шаҳрсозиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- ташкили омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо барои пешбурди кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ;
- пешбурди мониторинги шаҳрсозиро дар ҳамкорӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба мониторинг ҷалб шудаанд, таъмин менамояд.
- назорати риояи методикаи ягонаи мониторинги шаҳрсозии тасдиқгардидаро амалӣ менамояд.
-омода намудани таклиф ва пешниҳодҳо оид ба тасҳеҳи нақшаи генералии воҳидҳои маъмурӣ, иштирок дар таҳияи нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии вохидҳои маъмурӣ, лоиҳаҳои банақшагирш муфассал, нақшаи ҷойгиршавӣ ва пайвастшавии роҳҳо;
- таҳияи бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётию иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда;
- омодасозӣ ва пешниҳоди маълумотҳо барои лоиҳакашии ҳама намуди иншоотҳо;
- омода намудани супориши меъморию банақшагирӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои ангоравӣ ва лоиҳаҳои иншооти муваққатӣ, аз ҷумла иншоотҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, дар қитъаҳои заминҳои ҷамъиятҳои шарикии богпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии қисмҳои ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои шакли (иншооти) хурди меъморӣ, майдончаҳои кушодаи варзишӣ, роҳравҳо, лоиҳаҳои ороиши бадеӣ ва таҷҳизонии муҳит, дизайн ва рекламаи беруна;
- ташкил ва ба роҳ мондани технологияҳои ҳозиразамон дар соҳаи ^ сохтмон ва индустрияи сохтмон;
- тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисос, кӯмак ба олимони ҷавон ва мутахассисон;
- ташкил кардани маҳфилҳо, конференсияҳо ва ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои шаҳрсозӣ;
- ба амал баровардани фаъолияти хайриявӣ, сарпарастӣ ва эҳсонкорӣ;
- дастрас намудани шартҳои техникӣ оиди пайвастшавӣ ба шабакаҳои техникӣ ва шабакаҳои хизматрасонии коммуналӣ;
- дастрас намудани хулосаи экологӣ барои лоиҳаи сохтмонӣ;
- дастрас намудани хулосаи хадамоти санитарию гигиенӣ барои лоиҳаи сохтмонӣ;
- дигар амалҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд. ^
3. Асоси кадастри шаҳрсозии ҳамаи сатҳҳо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии дахлдор ва кадастри давлатии замин буда, кадастри шаҳрсозии ҳар як сатҳ маълумот оид ба чунин объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳои дахлдорро доро мебошад: ҳудуд дар маҷмӯъ, қисмҳои ҳудуд, минтақаҳо, иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, дигар объектҳои ғайриманқул, аз ҷумла иншооти фаъолияти шаҳрсозии танзими махсус.
4. Пешбурди кадастри шаҳрсозӣ дар ҳомияҳои коғазӣ ва магнитӣ аз рӯи системаи ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, навсозии захираҳои иттилоотӣ, додани маълумот ба истифодабарандагон амалӣ карда мешавад.
5. Ба кадастри шаҳрсозӣ метавонанд таснифот, феҳристи рамзҳо, маълумотномаҳо, суроғаҳо ва реквизитҳои дигари низоми иттилотии дарбаргирандаи маълумот дар бораи масъалаҳои шаҳрсозӣ, меъёрӣ, лоиҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ оид ба пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ворид карда шаванд.
6. Маълумоти кадастри шаҳрсозӣ ба истифодабарандагон дар намуди маълумоти ҳуҷҷатгузоришуда дар шакли шиносномаи шаҳрсозӣ, маълумотнома ва дигар шакли муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ пешниҳод мегардад.
7. Маълумоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои умум дастрас будани он маҳдуд карда шудааст, аз тарафи муассиса - махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
8. Коркард, нигоҳдорӣ ва навсозии захираҳо, пешниҳодкунии маълумот ба истифодабарандагон, инчунин нобудкунии ҳуҷҷатҳо ва интиқолдиҳӣ ба бойгонӣ аз ҷониби муассиса анҷом дода мешавад.
3. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ МУАССИСА
9. Муассиса ҳуқуқҳои зерин дорад:
- бо розигии муассис корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳоро бо иштироки сармоягузории хориҷӣ таъсис намояд;
- ба ташкилотҳо ва ширкатҳои хориҷй ҳамкориҳои судмандро ба амал барорад;
- дар кори биржаҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок намояд.
- эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;
- таъмини шароит барои иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо дар фаъолияти шаҳрсозӣ бо роҳи баррасӣ ва қабули қарорҳо дар соҳаи мазкур;
- анҷом додани намудҳои алоҳидаи расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи равзанаи ягона;
- дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷорӣ намудани низоми “равзанаи ягона” барои қабул ва баррасии муроҷиат оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ҷой додани намунаҳои электронии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар сомонаи интернетии равзанаи ягона;
- идора намудани хатарҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷумла бо назардошти дараҷаи хавфнокии объект барои ҳаёт ва саломатии инсон;
- фаъол намудани раванди амалигардонии ислоҳот, таъмини иҷро ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ равона карда шудаанд;
- дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод нагардидани ҷавоби мусбӣ ва ё манфӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун ҷавоби мусбӣ қабул намудани ин амал;
- ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- то ҳадди имкон кам кардани микдори расмиёти гирифтани иҷозат
барои огози корҳои сохтмонӣ, муҳлати расмиёт ва хароҷоти расмис гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ;
- масъулияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба хизматрасонии аҳолӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолии ҳудуди дахлдор, барои таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, наклиётӣ, иҷтимоии таъиноти истироҳатӣ ва солимгардонии на камтар аз сатҳи меъёру қоидаҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи талаботи амнияти ҳудудҳо, муҳандисию техникӣ, мудофиаи гражданӣ, таъмини огоҳонӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта;
- амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозй бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;
- таъмин намудани шароит барои маъюбон ҷиҳати дастрасии бемонеа ба объектҳои таъиноти гуногун;
- ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши кор дар низоми “равзанаи ягона” барои қабул ва баррасии муроҷиат оид ба гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ;
- ба роҳ мондани тартиби фаврӣ ва муқаррарии гирифтани иҷозат^. барои оғози корҳои сохтмонӣ бо муқаррар намудани муҳлат;
- маълумот дар бораи вазъи экологӣ, муҳандисию геологӣ ва сейсмикии ҳудудҳо;
- маълумот дар бораи объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ободонии ҳудуд;
- маълумот дар бораи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудуд, маҳалҳои аҳолинишин ва иморатсозии онҳо;
- маълумот дар бораи минтақабандии ҳудуд ва дастурҳои шаҳрсозии минтақаҳои ҳудудӣ;
- маълумот дар бораи вазъи техникии фонди манзил;
- маълумоти мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ.
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавӣ барои сохтмон;
- таҳияи дурнамо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд;
- гузаронидани экспертиза бо мақсади назорати истифодаи дурусти ҳудуд ва натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ;
- ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва маводи таҳқиқоти махсус;
- дохил намудани натиҷаи мониторинги шаҳрсозӣ ба кадастри давлатии шаҳрсозӣ.
10. Муассиса ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияте, ки барои машғул шудан ба он гирифтани иҷозатнома зарур аст, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, баъд аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ намудани чунин фаъолиятро доро мегардад ва бо гузаштани муҳлати амали он, қатъ мегардад.
11. Муассиса дорои қобилияти амали номаҳдуд мебошад ва ҳамаи он намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии муассиса мутобиқат менамоянд, ба амал бароварда метавонад.
12. Муассиса дар доираи мақсади худ ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад фаъолияти иқтисоди хориҷиро мустақилона ба амал барорад.

Суроға :Шаҳри Душанбе, хиёбони Ш.Ҳусейнзода 36
Телефони корӣ: 2 21 26 63
E-mail: m.d.ravzana.kadastr@mail.ru







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво