6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҚА Р О Р аз 14 июли соли 2017 №118 ш. Душанбе

1147
Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо
ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи дуюми соли 2017 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ

Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар семоҳаи дуюми соли 2017 муҳокима намуда қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд.
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда мутобиқи Нақшаи кории Кумита дар соли 2017 ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Ҳисоботи раёсату шуъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
2. Сардорони раёсату шуъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Абдуалимзода А.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” чораҳои дахлдор андешанд.
4. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 “Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сардори шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) вазифадор карда шаванд, ки Оинномаи муассисаи мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия карда, барои тасдиқ ба Раиси Кумита пешниҳод намоянд.

5. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Таваров Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони бино ва иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои банди 23 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №69 сохтмони иншоотҳои аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва бе иҷозат ҷараёндоштаро боздошта, барои бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ чораҷӯӣ намояд:
- иҷрои талаботи тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 тасдиқ шудааст, таъмин намуда, дар кори комиссияҳои давлатии қабул риояи ҳатмии муқаррароти тартиби мазкурро дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ намояд;
- санҷиши сифати корҳои сохтмониро дар иншооти НБО “Роғун” пурзӯр намуда, иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи иҷро ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда ҳар моҳ ба Кумита ахбор манзур намояд;
- оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар объектҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегидошта ҳар моҳ ба Кумита ахбор манзур намояд;
- якҷоя бо Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” тибқи нақшаи кории муштарак оид ба назорат ва санҷиши сифати корҳои сохтмони бино ва иншоотҳои шаҳри Душанбе барои соли 2017 чораҳои мушаххас андешад.
6. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад:
- фаъолияти худро дар таъмини назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд ва беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, якҷоя бо Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ чораҷӯӣ намояд;
- омӯзиши фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро бо таъсиси базаи ягона дар қаламрави ҷумҳурӣ давом дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба ҳаҷми корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ташкилоту корхонаҳо ахбороти муфассал манзур намояд;
7. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Холов Р.) вазифадор карда шаванд, ки назорати риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохта мешаванд, чораҳои мушаххас андешанд;
- қабули лоиҳаҳои сохтмони иншоотро бо дарназардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ ва пайвастшавӣ бо хатҳои муттамаркази гармитаъминкунӣ ба роҳ монанд;
- иҷрои супориши протоколи машварати корӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ташхиси лоиҳаҳо аз 12 июли соли 2016 таъмин намуда, дар ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли 2017 аз натиҷаи чораҳои дар ин самт андешидашуда гузориши сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ шунида шавад.
8. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
9. Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ якҷоя бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти назоратӣ дар ҳайати гуруҳи корӣ гузаронидани санҷишҳои муштаракро тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома дода, аз натиҷаи санҷишҳо мунтазам ахбор манзур намоянд.
10. Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (Назаров А.С.) вазифадор карда шавад:
- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, раёсату шуъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита гузаронидани Намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва Озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017”-ро моҳи августи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон таъмин намояд.
11. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х., Султонзода М.С.) ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ:
- сифати корҳои лоиҳакаширо баланд бардошта, лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосирро бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир роҳандозӣ намоянд;
- барои бо сифати баланд таҳия намудани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳалҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд;
- барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
12. Директори ҶСК «Шаҳрофар» (Ишанов Б.М.) вазифадор карда шавад, ки лоиҳаи намунавии хонаҳои истиқоматии 2 ва 3-ошёнаро то охири семоҳаи сеюми соли ҷорӣ таҳия намуда, барои дастрас кардан ба сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо омода намояд.
13. Директорони ҶСК «Шаҳрофар» (Ишанов Б.М.), ҶСК “Саноатсоз” (Мализода Б.Ҳ.) ва ҶСК “Корезлоиҳа” (Худойдодов Н.Х.) барои беҳтар намудани нишондодҳои иқтисодӣ ва молиявии ташкилот, зиёд намудани ҳаҷми кор, ҳосилнокии меҳнат ва маоши миёнаи кормандон то охири семоҳаи сеюми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
14. Пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва сармеъмори шаҳри Душанбе вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахт, талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла ба нақша гирифтани майдончаи бозии кӯдакон, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва шабакаи обу корез ба инобат гирифта шавад. Ҳамзамон мавриди ҷойгиронии биноҳо, бо мақсади ҳалли маҷмӯавии ҳудудҳои истиқоматӣ таҳияи лоиҳаи иморатсозиро бо инобати инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла боғчаи бачагона, мактаб ва дармонгоҳ ба роҳ монда, дар ин самт лоиҳаҳоро бо сифати баланд таҳия намоянд.
15. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Боев А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки хонаи истиқоматӣ, бинои маъмурӣ ва мактаби таҳсилоти умумиро таҳия намоянд;
- барои таҷҳизонидани озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонии пажӯҳишгоҳ чораҳои мушаххас андешанд;
- барои ба анҷом расонидани ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
16. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримзода А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳ чораҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ бо корхонаю ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ намояд;
- барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» чораҷӯӣ намояд;
- санадҳои заруриро, ки қабули онҳо пас аз ба тасвиб расидани қарори мазкур заруранд, омода намуда, дар муҳлатҳои кутоҳ барои тасдиқ пешниҳод намояд;
- барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба мафҳум ва моҳияти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ” якҷоя бо Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон дар маркази вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе то охири моҳи августи соли ҷорӣ чораҷӯӣ намояд.
17. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда шаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
18. Комиссияи корӣ бо роҳбарии Раёсати шаҳрсозӣ амалигардонии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳоро тибқи ҷадвали тасдиқшуда мавриди санҷиш қарор дода, ҳамзамон таҳлили кори корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва ҳамкории онҳоро бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҷояш омӯхта, ахбороти муфассал пешниҳод намояд.
19. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- мувофиқасозии нақшаҳои генералии таҳияшударо то охири семоҳаи сеюми соли ҷорӣ пурра ба итмом расонида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- ҳангоми баррасии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосабарориро танҳо дар асоси талаботи нақшаи генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ бо дарназардошти риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда, хулосаҳои дахлдори сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияро ба инобат гиранд;
- тибқи талаботи шаҳрсозӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд танҳо биноҳои на кам аз дуошёна, миёнаошёна, бисёрошёна ва баландошёна бунёд карда, сохтмони биноҳои якқабатаро манъ намоянд;
- якҷоя бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ фаъолияти худро вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд;
- маълумотро оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмон дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон мунтазам манзур намоянд.

- ҷиҳати иҷрои бандҳои 5 ва 11-и Нақшаи чорабиниҳо аз 5 январи соли 2017, №АП-820 (банди 5 - ҳангоми бунёди биноҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишии каммасраф ба роҳ монда шуда, ба истифодабарандагони нерӯи барқ сарфакориро ташвиқ намоянд; банди 11
- таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилиро амалӣ карда, ҳангоми сохтмони иншооту биноҳои нав талаботи санъати баланди меъмориро риоя кунанд) то санаи 1–уми ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд.
20. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.) ва сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) вазифадор карда шаванд, ки барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
21. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сардори Шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додани талаботи қонунгузории соҳаи шаҳрсозӣ, мукаммал ва мушаххас намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
22. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), сардори бахши кадрҳо (Зокиров Ғ.) барои пешниҳод накардани ҳисоботҳои ҷамъбастии нимсола то муҳлати муқарраргардида, ба роҳбарони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Мурғоб муҷозоти интизомӣ татбиқ намоянд.
23. Сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- ҳисоботҳои фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи пешравӣ ва мушкилоти ҷойдошта манзур намоянд.
- таъмини иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 22 феврали соли 2017, №9-ф зери назорат қарор дода, нигоҳубини доимии қитъаҳои вобасташударо аз ҷониби масъулини корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъмин намоянд.
24. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.



Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво