8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

2478
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди иҷозатномадиҳӣ тибқи талаботи 2-санади меъёрӣ-ҳуқуқии зерин, татбиқ ва ба низом дароварда мешавад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№37, аз 17.05.2004с).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№172, аз 3.04.2007с).

Ба боби 27-и Низомнома, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, таҳти №235 Замимаи 5 “Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда” илова карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” танҳо намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро муайян намуда, асосҳои ҳуқуқии иҷозатномадиҳиро муқаррар менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” (№751, аз 2.08.2011сол) ба танзим дароварда мешаванд.

Дар Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (Замимаи 5 ба боби 27 Низомнома, Қарори Ҳукумати ҶТ, №235) тартиби додани иҷозатнома ба фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва номгӯи иншоотҳо аз рӯи таъиноташон, муқаррар карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», аз 3 апрели соли 2007 №172, мақоми иҷозатномадиҳанда оиди ба фаъолияти сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор қардани объектҳои мавҷуда, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар гардидааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», бобҳои 7 ва 27-и Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, бояд пешниҳод намояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда;
- ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб, номи бонк;
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда ва мӯҳлати фаъолияти анҷомдодашаванда;
- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
- ҳуҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтиссоси кормандони довталаби иҷозатнома ;
- нусхаҳои ҳуҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқат кунандаи кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба иморат, биноҳо ва воситаҳои техникӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад;

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, тибқи тартиби нави иҷозатномадиҳӣ (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №235, аз 31.03.2014 сол) вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда, ба 3 дараҷа ҷудо карда мешаванд:
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –I
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –II
Сатҳи масъулиятнокии дараҷаи –III

Ба корхонаҳоӣ навтаъсис ва шахсони воқеӣ танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад. Чунончӣ, ба сатҳи масъулиятноки дараҷаи III ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ, корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 3 ошёна:
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои қисмҳои алоҳидаи лоиҳа (зерпудратчӣ);
- таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн;

Қобили зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31- марти соли 2014, таҳти № 235 ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Тибқи муқаррароти тартиби мазкур, ба ҳама ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вобаста ба имкониятҳои доштаашон аз рӯи сатҳи масъулиятнокӣ иҷозатнома дода мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷониби Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Барои пайдо намудани маълумоти муфассал оиди раванди иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” (№37, аз 17.05.2004с) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, таҳти №235 Замимаи 5 “Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда” замима мегардад.

- Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон
- Қонуни ҶТ Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво