15 ноябр 2018, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад

71
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Малайзия қабул фармоед.

Боиси қайд аст, ки маҳз дар замони сарвазирии Шумо солҳои 1982-2003 кишвари дӯсти Малайзия мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро паси сар карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва ба яке аз давлатҳои зуд рушдёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашт.

Мо ба ояндаи неки равобити ҳасана бо Малайзия итминон дорем ва дар чорчӯби татбиқи сиёсати хориҷии худ барои рушду густариши онҳо пайваста саъю талош хоҳем кард.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо ба ҳайси роҳбари ҳукумат ҳамкорӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Малайзия сатҳи сифатан навро касб намуда, ба пояҳои баландтар хоҳанд расид.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комилу саодат, дар иҷрои вазифаҳои сермасъулатон пирӯзиҳои навин ва ба кишвари дӯсти Малайзия хушрӯзӣ ва шукуфоии рӯзафзунро орзу дорам».







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво