28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

718
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо табрикоту тамманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба роҳ мондаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар – дар оянда низ талош варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Эрон – сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво