28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел

624
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҷумҳурии Куба самимона табрик ва таҳният менамоям.

Итминон дорам, ки дар ин мақоми олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.

Мо ҳавасмандем, ки густаришу таҳкими муносибатҳои ду кишвар пайгирона вусъат ёфта, мазмуну муҳтавои фарохтарро касб намоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари Куба ва мардуми дӯсти он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво