15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Ф А Р М О И Ш аз «26» сентябри соли 2019 №93/ф ш. Душанбе

41
Ф А Р М О И Ш

аз «26» сентябри соли 2019 № 93/ф ш. Душанбе

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии
маъмурии хизмати давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 №647 тасдиқ шудааст ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерини дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушода эълон карда шавад:
- сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ 1 –ҷой;
- сармутахассиси раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ 1-ҷой;
- сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1-ҷой;
- мутахассиси пешбари раёсати шаҳрсозӣ 1-ҷой;
- мутахассиси пешбари раёсати корҳо 1 - ҷой
- мутахассиси пешбари раёсати корҳо 1 - ҷой
2. Бахши кадрҳо вазифадор карда шавад, ки рӯйхати мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзномаи «Ҷумҳурият», сомонаи Кумита, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар гӯшаи эълони ҷойҳои ҷамъиятӣ, дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита номнавис намояд.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода



Матолиби ҳамсон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво