4 феврал 2023, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш « 28 » январи соли 2016 № 8/ф ш. Душанбе

1266
Дар бораи баланд бардоштани сатҳи лоиҳасозӣ ва сохтмони зилзилатобовар дар доираи таҳлили оқибатҳои заминҷунбиҳои тирамоҳи соли 2015


Мутобиқи банди 8, 14 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст ва қарори протоколи семинар-машварати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2016,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи лоиҳасозӣ ва сохтмони зилзилатобовар, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ вазифадор карда шаванд:
- истифодаи хишт дар биноҳои бисёрошёна маҳдуд карда шавад;
- дар пуркунии деворҳо, сохтмони миёнадеворҳо истифодаи хишти пурраҷисм, блокҳо аз бетони сабук (бо зичии D1200-D2000) барои майдонҳои сохтмони зилзиланокиашон 7 балл то 9 ошёна, 8 балл то 7 ошёна, 9 балл то 5 ошёна иҷозат дода шавад;
- дар ошёнаҳои болоӣ блокҳои пенобетонӣ, газобетонӣ, полистиролбетонӣ бо маркаҳо аз рӯи зичӣ D600-D800 истифода бурда шаванд;
- дар пуркунии деворҳо ва сохтмони миёнадеворҳо гузоштани фосилаи зарурӣ байни пуркунӣ ва сохтҳои борбардори амудӣ аз рӯи ҳисоб ва на кам аз 2 см бо гузоштани алоқаҳои қаиш ба инобат гирифта шавад;
- дар андоваи пуркунии деворҳо гузоштани тӯри симин, синтетикӣ ва ба онҳо монанд, истифодаи соруҷҳои иловаҳои нармкунанда дошта, аз ҷумла соруҷи мураккаби оҳаку сементу регӣ пешбинӣ карда шавад, истифодаи соруҷҳои сементу регӣ бе иловаҳои нармкунанда дар андоваҳо маҳдуд карда шавад;
- дар сурати дар биноҳо ва дохили онҳо пешбинӣ намудани унсурҳои ороишии вазнин, зарурияти онҳо асоснок карда шуда, усулҳои маҳкамкунии онҳо дар асоси ҳисоб дар лоиҳаҳо аниқ нишон дода шавад;
2. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ риояи меъёру қоидаҳои сохтмони зилзилатобовар, аз ҷумла аз фармоиши мазкур бармеомадаро, дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ таъмин намояд.
3. Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмонӣ ба сифати корҳои хиштчинӣ (сангчинӣ), армиронии уфуқии чиниши хиштин (сангӣ), иҷрои дилакҳои оҳанубетонӣ диққати махсус диҳад;
- дар пуркунии деворҳои биноҳои каркасӣ гузоштани фосилаи зарурӣ байни пуркунӣ ва сохтҳои борбардори амудиро тибқи лоиҳаҳо зери назорат гирад.
4. КВД Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” барои пуркунии деворҳо ва сохтмони миёнадеворҳо гиреҳҳои намунавии маҳкамкунии онҳоро ба сохтҳои борбардор барои ҳама намуди масолеҳи майдадона: хишт, блокҳо аз бетони сабук, блокҳои пенобетонӣ, пенополистиролбетонӣ ва ғайра дар мувофиқа бо пажӯҳишгоҳҳои лоиҳасозии соҳавӣ таҳия намояд.
5. Маҷаллаи “Меъморӣ” маърӯзаҳои семинар-машваратро дар шакли мақола дар маҷалла нашр намояд.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.



Раис Ҷ.Аҳмадзода



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво