Рустами Эмомалӣ ба бунёди як силсила иншооти нав дар пойтахт замина гузошт
1483
7 апрел дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти нав замина гузошт. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нахуст Раиси шаҳри Душанбе дар мактаби таҳсилоти умумии № 18 -и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст санги асос гузошт. Қобили зикр аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 соли 1954 таъсис ёфта, бинои он ҳанӯз соли 1947 бунёд гардидааст. Айни ҳол мактаб дорои 780 ҷойи нишаст буда, дар он дар ду баст 1603 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Маблағи пешбинишуда барои иншооти иловагӣ 8 миллиону 400 ҳазор сомонӣ буда, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳамсафар»-и шаҳри Душанбе анҷом дода шуда, тарҳи онро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» омода намудаанд. Дар ҷараёни суҳбат бо лоиҳакашону бинокорон Рустами Эмомалӣ барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ маслиҳату дастурҳои муфид дод. Дирӯз ҳамчунин ба бунёди бинои Муассисаи таълимии миёнаи №99-и ноҳияи Синои пойтахт барои 480 ҷойи нишаст замина гузошта шуд. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 99 дар кӯчаи Борбад воқеъ буда, дорои 230 ҷойи нишаст мебошад ва айни ҳол шумораи хонандагонаш 400 нафарро дарбар мегирад. Дар ин робита барои беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис дар заминаи муассисаи ибтидоӣ бунёди мактаби миёнаи умумӣ барои 480 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуд. Фармоишгари бинои нави ин таълимгоҳ низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бунёди онро ширкати сохтмонии «Ниагара» ба уҳда гирифтааст. Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи бинокоронро ба баланд бардоштани сифату самараи корҳои бунёдӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ҷалб кард. Иншооти мазкур тибқи лоиҳа то оғози соли таҳсили 2017-2018 ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе боз як иншооти нав-гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён»-и кӯчаи Гагарин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими шаҳрдорӣ 22 ноябри соли 2015 оғоз гардида, 10 марти соли 2017 ба анҷом расонда шуд.андД ар ҷараёни боздид аз ин иншоот Раиси шаҳр ба масъулину сохтмончиён тавсия дод, ки зимни бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бояд ниёзмандиҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус маъюбону барҷомондагон ба эътибор гирифта шаванд. Маврид ба зикр аст, ки гузаргоҳи зеризаминӣ бо назардошти талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, ба тамоми меъёру талаботи қоидаҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ мебошад. Сохтмони гузаргоҳ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» анҷом дода шуда, арзиши умумии он 21 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Хурсандии сокинони кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолии маҳаллаи 82-и пойтахт майдончаи варзишии бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи ин иншооти варзиширо, ки аз майдончаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти фаръиву ёрирасони истироҳативу варзишӣ иборат аст, мутахассисони Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии сохтмонии «Техноинвест» омода кардаанд. Ин муҷтамеи ҳозиразамон аз лиҳози шаклу сохт ва унсурҳои хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯи талаботи шаҳрсозиии муосир буда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Раиси шаҳри Душанбе зимни боздид аз ин комплекси варзишиву истироҳатӣ бо варзишгарону наврасони синну соли гуногун суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, ба онҳо лавозимоти варзишӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя кард. Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи бунёдкорони иншооти мазкурро ба боз ҳам беҳтар муҳайё кардани шароити арзанда барои сокинон равона сохт. Дар баробари майдончаву гулгаштҳо, ба сохтмони гӯшаҳои алоҳида барои бозии шоҳмоту шашка, истироҳати шахсони барҷомонда ва дигар иншооти зарурии комплекси манзилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳалла дар ин мавзеъ беш аз 450 адад ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуданд. Зимни суҳбату мулоқотҳои Рустами Эмомалӣ бо ҷавонону пирони барнодил, сокинони маҳалла аз сиёсати имрӯзаи давлату хукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободониву созандагӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиндагии шоиста сипоси бепоёни худро иброз доштанд. Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Душанбе идома дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт барои сокинону бошандагон боз 78 адад чунин иншооти ҳозиразамони варзишиву истироҳатӣ бунёд намояд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |