11 июн 2023, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 март оғоз мегарданд

911
Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли равон оғоз мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,
Ба иттилои манбаъ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор мегарданд.
Ҳамчунин шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад.
Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст. 22 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода намоиши ҷолиби театрикунонидашуда баргузор хоҳад шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво